ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ БАҚО ВА ПЕШБУРДИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Таҷрибаи тамаддуни башар собит менамояд, ки ҷомеаҳое, ки бар меҳвари якпорчагӣ ва ҳамдилӣ устувор гардидаанд, дар роҳи бунёдкорӣ ва рушди устувор қадамҳои муваффақ гузоштаанд. Мардуми тоҷик низ бо иттиҳоди самимӣ, ахлоқи воло ва хислатҳои миллӣ тавонистаанд фарҳанг, арзишҳо ва пояҳои истиқлолияти худро ба таври шоиста нигоҳ доранд.

Таҳлил ва баррасии саҳифаҳои таърихи боифтихор нишон медиҳад, ки ҳамеша осоиштагӣ ва оромиши иҷтимоӣ ҳамчун заминаи боэътимоди давлатсозӣ хидмат кардааст.

Бо вуҷуди чунин мероси ғанӣ, бархӯрди дарунмиллӣ, ки ба таври сунъӣ таҳмил шуда буд, на танҳо харобии иқтисодӣ ва ташкилоти давлатӣ, балки ҷароҳатҳои амиқи маънавию ахлоқӣ бар ҷомеа ворид сохт. Он айём, барои сарнавишти миллат хатарҳои ҷиддие пеш омада, эҳтимоли азҳампошии пояҳои давлатдорӣ воқеияти талх гашта буд.

Дар чунин шароити вазнин, бо эҳсоси баланди масъулият ва хиради таърихӣ, мардум роҳбареро интихоб намуд, ки бо иродаи қавӣ ва ҷаҳонбинии воқеӣ, тавонист кишварро аз вартаи нобудӣ ба сӯи субот ва низом барорад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои фидокорона, сиёсати дурандеш ва муҳаббати самимӣ ба Ватан тавонистанд ормони миллатро эҳё бахшанд.

Бо ташаббуси муназзам ва роҳнамоии пайгиронаи Пешвои миллат, ҷараёни умумимиллӣ бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» арзи ҳастӣ кард, ки дар он ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар гирди ормони сулҳу ҳамгироӣ гирд омаданд.

Дар натиҷаи саъю талоши зиёд, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии сулҳу созгории миллӣ ба имзо расид ва дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардид.

Нақши бонувон дар ин раванд шоистаи ҳар гуна арҷгузорӣ аст. Онҳо бо сабру таҳаммул, заковати модарона ва меҳру муҳаббати бепоён дар мустаҳкамсозии фазои ҳамдилӣ ва кӯмак ба табақаҳои осебпазир нақши муҳиме иҷро намуданд. Дар марҳилаи пас аз низоъ, фаъолияти онҳо дар таҳкими ҳамзистӣ ва кӯмак ба ятимону захмиён таъсири намоён дошт.

Имрӯз занони тоҷик дар маснади масъулият, аз ҷумла дар бахши ҳифзи ҳуқуқ ва адолат, бо садоқати баланд ва донишандӯзӣ хизмат менамоянд. Кормандони соҳаи ҳуқуқ, махсусан дар сатҳи судӣ, бо масъулиятпазирӣ, виҷдони пок ва риояи ахлоқи касбӣ, дар таҳкими волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон саҳми арзанда доранд.

Маҳз тавассути заҳмату иродаи пойдори ин қишри фаъоли ҷомеа, сулҳ ва субот дар ҳар як гӯшаи кишвар таҳким ёфта, фазои ором ба зиндагии мардум баргашт. Ҳанӯз ҳам, занон ҳамчун сутуни боэътимоди ҷомеа, дар мустаҳкамсозии ҳамбастагии миллӣ ва пойдории субот нақши муассир доранд.

Фаъолияти занон дар сохторҳои судӣ шоистаи зикри хос аст. Онҳо дар вазифаҳои муҳим бо эҳсоси баланд ва ахлоқи ҳирфаӣ барои таъмини адолат ва хизмат ба халқу давлат талош меварзанд.

Ҳамаи ашхоси бедордил, аз ҷумла ҷавонон, зиёиён ва шаҳрвандони содиқ бояд дар амалӣ намудани ормонҳои ваҳдати миллӣ ва пешрафти Ватани маҳбуб саҳми сазовор гузоранд. Зеро танҳо дар фазои якпорчагӣ ва иттиҳоди умумихалқӣ метавонем ояндаи дурахшонро таъмин намоем.

Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик на танҳо як рӯйдоди муҳим, балки пояи худшиносиву худогоҳӣ ва кафили бақои наслҳои фардо мебошад. Он моро аз вартаи нобудӣ раҳонида, ба сӯи эъмори як ҷомеаи босубот ва пешрафта раҳнамоӣ намуд.

Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи беназири поён додани низоъ дар саросари ҷаҳон мавриди омӯзиш ва эҳтиром қарор дорад. Марказҳои таҳқиқотии байналмилалӣ ин падидаро ҳамчун роҳкори муассири барқарории амният ва субот арзёбӣ мекунанд.

Иқдомҳои сатҳи ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан бо раҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, дар самтҳои муҳими захираҳои об, амнияти минтақавӣ ва рушди устувор мавриди пуштибонии доираи васеи ҷомеаи ҷаҳон қарор гирифтааст. Ин ҳама шаҳодати обрӯ ва мақоми баланд доштани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст.

Мо бояд ин дастоварди нодир — Ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши бебаҳо ҳифз карда, наслҳои наврасро дар рӯҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ тарбия намоем.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз! Бигзор фазои сулҳу якдилӣ ҳамеша болои Тоҷикистони маҳбуб соя афканда бошад ва кишвар бо тақаи он ба сатҳи нави шукуфоӣ расад.

 

Нозир-референти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳакимова Гулдаста Ҳикматовна


Бозгашт ба рӯйхат