ҲИФЗИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ - ҶУЗЪИ МУҲИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эътироф гардида, ҷиҳати таҳкими тарзи ҳаёти солим ва рушди фарҳанги варзишӣ тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд.
Судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи ташаббусҳои созанда, аз ҷумла иқдоми «Рӯзи варзиш», пайваста дар чорабиниҳои оммавии варзишӣ иштирок менамоянд. Ҳадафи ин ташаббусҳо ташвиқи муҳити фаъол, боло бурдани сатҳи шуури варзишии аҳолӣ ва таъмини саломатии ҷомеа мебошад.
Субҳи имрӯз, 12 июли соли 2025, дар майдони варзишии назди муассисаи таълимии А. Дониш чорабинии навбатии варзишӣ баргузор гардид. Судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ бо рӯҳияи баланд ва масъулияти касбӣ дар машқҳои ҷисмонӣ иштирок намуда, дастгирии худро аз сиёсати солимгардонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ифода намуданд.



Бозгашт ба рӯйхат