МИЗЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ВА ДАСТРАСӢ БА АДОЛАТ”

14 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси шарикони рушд Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкориҳои Швейтсария ва ташкилоти HELVETAS мизи мудаввар таҳти унвони “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” баргузор гардид.

aiease_1752495363116.jpg

Дар кори мизи мудаввар намояндагони Суди Олӣ, Ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ масъалаҳои афзалиятноки марбут ба рақамикунонии низоми судӣ, ҷорӣ намудани унсурҳои замонавии коргузории электронӣ ва густариши дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокдорон таъкид намуданд, ки такмил ва таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, боло бурдани нақши судҳо дар таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқи моликият, манфиатҳои давлат ва таъмини волоияти қонун, аз омилҳои калидии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди устувори ҷомеа маҳсуб меёбанд.

8652.jpg95633.jpg

Чунин чорабиниҳо имконият фароҳам меоранд, то тавассути табодули таҷриба ва ҳамкориҳои судманд сатҳи сифати хизматрасониҳои судӣ боз ҳам баланд бардошта шуда, ба ҳадафҳои умумии таъмини адолат ва эҳтироми қонун роҳҳои муосир пеш гирифта шаванд.


Бозгашт ба рӯйхат