Ҳифзи саломатии аҳолӣ дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дорад. Барои рушди тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандон ба варзиш иқдомоти амалишаванда пайваста густариш меёбанд.
Судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамбастагӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар доираи ташаббусҳои «Рӯзи варзиш» пайваста иштирок мекунанд. Чунин чорабиниҳо имконият медиҳанд, ки фарҳанги варзишӣ густариш ёбад ва сатҳи саломатии ҷомеа боло равад.
Субҳи имрӯз, 19 июли соли 2025, дар майдони варзишӣ ба номи А. Дониш ҷамъомади навбатии варзишӣ баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён бо шавқу завқи баланд машқҳои ҷисмонӣ анҷом доданд.


.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
