Бо ҳадафи таҳкими адолати судӣ, ошноӣ бо фаъолияти амалии судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва баррасии масъалаҳои ҷорӣ дар фаъолияти ҳокимияти судӣ, ки аз суханони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз санаи 5 декабри соли 2024 бар меояд, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Раиси Суди Олӣ аз як қатор судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла Суди вилояти Хатлон, судҳои шаҳрҳои Бохтару Левакант ва ноҳияҳои Кушониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстӣ боздид ба амал оварда, бо ҷараёни таъмир ва азнавсозии як қатор иншооти муҳими соҳа шинос шуданд.
Судҳои шаҳрҳои Бохтару Левакант ва ноҳияҳои Кушониёну Ҷалолиддини Балхӣ таъмири нави замонавӣ намуданд. Судяҳои судҳои ҷумҳурӣ аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдоранд. Ҳамаи ин пешравӣ самараи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сулҳу суботи комил дар мамлакат мебошад.
Ин сафари корӣ марҳалаи муҳими таҳкими низоми судӣ дар сатҳи минтақа буда, ба болоравии масъулияти касбӣ ва мустаҳкам гардидани пояҳои адолат дар вилояти Хатлон мусоидат хоҳад кард.



















.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
