Имрӯз, 25 июли соли 2025 дар маҷлисгоҳи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинари омӯзишии соҳавӣ баргузор гардид. Дар кори он судяи Суди Олӣ муҳтарам Пӯлодӣ М., кормандони дастгоҳҳои Суди Олӣ, судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар доираи семинар иштирокдорон маърӯзаҳоро оид ба мавзуҳои аҳамияти умумичаҳонии ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистонро матраҳ намуда, инчунин, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022, №1920 ва нақши ҳокимияти судӣ дар амалигардонии Қонуни мазкур, ҳамзамон ба омӯзиши мухтасари Дастурамали коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурамали мансабии хизматчиёни давлати ҳокимияти судӣ фаро гирифта шуданд.


Ғайр аз ин дар идомаи семинар меъёри моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ бо муколамаи мисолҳо аз амалияи судӣ мариди омӯзиш қарор дода шуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидор, донишҳои ҳуқуқӣ ва такмили малакаҳои амалии кормандони мақомоти судӣ ташкил шуда, ба иҷрои талаботи қонунгузории амалкунанда ва беҳтарсозии хизматрасонии судӣ равона гардидааст.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
