СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ КАСБӢ

Имрӯз, 25 июли соли 2025, дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ судяҳои Суди Олӣ, судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзида, масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ ва таъмини татбиқи дурусту якхелаи санадҳои қонунгузории амалкунандаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

20250725_091702.jpg

Дар рафти машғулияти семинарӣ дар мавзуҳои хусусиятҳои хосӣ баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба ҷиноятҳои расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ дар мавриди истифодаи қувваи барқ (моддаи 252 КҶ) ва вайрон намудани қоида ва меъёрҳои истифодабарии қувваи барқ (моддаи 253 иловаи 1 КҶ), таҳлили таҷрибаи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои маданӣ оид ба рӯёнидани зарар аз истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ва гармӣ, инчунин, ҳуқуқи молу мулкии зану шавҳар (боби 17 КО) ва моликияти якҷояи ҳамсарон (моддаи 327 КМ ҶТ) мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шудаанд.

Ғайр аз ин, дар кори чорабинӣ масъалаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қойдаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт (моддаҳои 312, 313, 316, 326 иловаи 1, 328 қисми 1, 329 қисмҳои 1 ва 2, 332, 333 қисмҳои 1 ва 3, 334, 336 қисми 2, 337 ва 339 қисми 2 КҲМ ҶТ) муҳокима гардиданд.

20250725_091827.jpg

Судяҳо дар муҳокимаҳо фаъолона иштирок намуда, пешниҳодҳо ва ташаббусҳои хешро ҷиҳати такмили низоми судӣ ва баланд бардоштани савияи касбӣ ибрози ақида намуданд. Аз ҷумла, зарурати таҳия ва татбиқи барномаҳои омӯзишии доимӣ, тақвияти фаъолияти шуроҳои илмӣ-методӣ ва рушди мубодилаи таҷриба бо судҳои болоӣ ва ҳамтоёни хориҷӣ таъкид гардид.

20250725_091631.jpg

 Таъкид гардид, ки риояи принсипҳои конститутсионии баамалбарории адолати судӣ, тақвияти масъулияти касбӣ ва иҷрои дақиқи талаботи қонунгузорӣ омили муҳими коҳиш додани сатҳи бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ мебошад.

Ҳадафи асосии семинар такмили донишу малакаҳои касбии судяҳо ва баланд бардоштани сатҳи иқтидори касбӣ ва зеҳнии судяҳо равона гашта, дар таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва боло бурдани сатҳу сифати адолати судӣ дар кишвар нақши назаррас доранд.


Бозгашт ба рӯйхат