САБТИ БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ “МУРОФИА”

Имрӯз, 30 июли соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2020-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ шудааст, Суди Олӣ сабти барномаи телевизионии “Мурофиа”-ро роҳандозӣ намуд. Барномаи телевизионии мазкур доир ба мавзуи баррасии парвандаҳои маданӣ оид ба бекор кардани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ ва рӯёнидани маблағи қарзи истифодаи қувваи барқ бахшида шуда буд.

photo_2025-08-01_08-56-06.jpgphoto_2025-08-01_08-56-07.jpgphoto_2025-08-01_08-56-06 (2).jpg

Раискунандаи мурофиаи судӣ Гулмаҳмадзода М.Д. судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи маданӣ оид ба бекор кардани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматиро баррасӣ намуда вобаста ба даъвои мазкур санади судии дахлдор қабул намуд.

photo_2025-08-01_08-56-15.jpgphoto_2025-08-01_08-56-17.jpg

Раискунандаи мурофиаи судӣ Искандарзода М.З. судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи даъвогии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нисбат ба шаҳрванд Сатторзода А. оид ба рӯёнидани маблағи қарзи истифодаи қувваи барқро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул намуд.

photo_2025-08-01_08-56-22.jpg

Суди Олӣ ва судҳои ҷумҳурӣ ба таври доимӣ чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқиро дар байни аҳолӣ ба роҳ монда, судяҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла садову симо, рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаи Интернет ба маълумоти аҳолии кишвар доир ба санадҳои судию масъалаҳои рӯзмараи ҷомеа ахборот дода, маводи ҳуқуқӣ нашр мекунанд.

Барномаи телевизионии “Мурофиа”-ро метавонед дар саҳифаи расмии Суди Олӣ дар YouTube тамошо намоед.

 


Бозгашт ба рӯйхат