ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОИДА ВА МЕЪЁРҲОИ ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ БАРҚ

31 июли соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти барномаи телевизионии «Мурофиа» баргузор гардид. Ин сабти барнома ба мавзӯи муҳим — «Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ» бахшида шудааст.

photo_2025-08-01_08-56-11 (2).jpgphoto_2025-08-01_08-56-18.jpg

Дар раванди барнома судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сулаймонзода Ф.А., ба ҳайси раисикунандаи мурофиаи судӣ, парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба вайронсозии қоидаҳои истифодаи қувваи барқро баррасӣ намуда, ҳукми айбдоркуниро ба шахси гунаҳкор эълон кард.

photo_2025-08-01_08-56-09.jpg

Мувофиқи моддаи 253(1) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолати ғайриқонунӣ ба таҷҳизоти ҳисобкунаки барқ ва иваз кардани нишондоди он бо ҳадафи сарпечӣ аз пардохти маблағи барқ, инчунин истифодаи нерӯи барқ бе пайвастшавӣ ба ҳисобкунак, агар чунин амал дар муддати як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҳамчун ҷиноят ҳисоб меёбад.

Суди Олӣ ва дигар судҳои ҷумҳурӣ пайваста бо роҳандозии чорабиниҳои иттилооти миёни аҳолӣ, кӯшиш менамоянд, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа баланд бардошта шавад. Судяҳо тавассути расонаҳои гуногун — телевизион, радио, матбуот ва шабакаҳои интернетӣ — мардумро бо қонунгузорӣ ва масъалаҳои муҳими рӯз огоҳ месозанд ва маводи ҳуқуқиро мунтазам нашр менамоянд.

Барномаи пурраи «Мурофиа»-ро метавонед дар саҳифаи расмии Суди Олӣ дар YouTube тамошо кунед.

 


Бозгашт ба рӯйхат