САЛОМАТӢ – ГАНҶИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ

Дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи ҳифзи тандурустии аҳолӣ мақоми хосса дошта, пайваста дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандон ба варзиш тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мегарданд.

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар чорабиниҳои «Рӯзи варзиш» мунтазам ширкат меварзанд. Чунин иқдомҳо ба густариши фарҳанги варзишӣ ва баланд гардидани сатҳи саломатии ҷомеа мусоидат мекунанд.

2.jpg

Субҳи 2 августи соли 2025 дар майдони варзишӣ ба номи А. Дониш машқи навбатии варзишӣ баргузор гардид. Иштирокчиён бо рӯҳияи болида ва шавқи зиёд машқҳои ҷисмониро иҷро карданд.

 


Бозгашт ба рӯйхат