Дар доираи амалигардонии Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 5-уми декабри соли 2024 зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва ифтитоҳи бинои нави Суди Олӣ баён доштанд, тадбирҳои иловагӣ вобаста ба беҳтар намудани инфрасохтори Суди Олӣ бо ҳадафи фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти судяҳо ва кормандони дастгоҳ андешида шуда, ду толори нав муҷаҳҳаз ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
- Толори ошёнаи чорум — бо иқтидори нишаст барои 140 нафар, ки барои баргузории маҷлисҳои назоратӣ, ҷаласаҳои васеъ, машваратҳо ва дигар чорабиниҳои расмӣ пешбинӣ шудааст. Толор бо таҷҳизоти замонавӣ – системаи аудио, васоили сабти ҷаласаҳо ва таҷҳизоти муосири иртиботӣ таъмин гардид.



- Толори ошёнаи ҳаштум — барои баргузор намудани конфронсҳои сатҳи баланди миллӣ ва байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Ин толор бо имкониятҳои техникии пешрафта, аз ҷумла таҷҳизоти синхронии тарҷума, видеопроектор, шабакаҳои устувори интернет ва муҳити бароҳат барои иштирокчиён муҷаҳҳаз гардонида шуд.



Амалӣ гардидани ин иқдом имконият медиҳад, ки фаъолияти Суди Олӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир пеш равад ва заминаи баргузории чорабиниҳои сатҳи олӣ дар дохили кишвар фароҳам ояд.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
