НЕРУИ МИЛЛАТ ДАР САЛОМАТИИ ОН АСТ

Субҳи 9 августи соли 2025, дар майдони варзишӣ ба номи А. Дониш, машқи навбатии варзишӣ бо ҳузури пуршӯри иштирокчиён баргузор гардид. Ҳамагон бо рӯҳияи болида, неруи тоза ва шавқи зиёд машқҳои ҷисмониро иҷро намуда, паёми тарзи ҳаёти солимро ба амал татбиқ карданд.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи тандурустии аҳолӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар ин самт пайваста чораҳои амалӣ барои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандон ба варзиш роҳандозӣ мешаванд.

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баландии масъулияти шаҳрвандӣ ҳамеша дар чорабиниҳои «Рӯзи варзиш» фаъолона ширкат меварзанд. Ин гуна иқдомҳо на танҳо ба таҳкими саломатии шахсӣ, балки ба густариши фарҳанги варзишӣ ва болоравии сатҳи тандурустии ҷомеа мусоидат мекунанд.

 


Бозгашт ба рӯйхат