САЛОМАТИИ МИЛЛАТ – ФАРДОИ ДУРАХШОН

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи тандурустии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Дар ин росто, пайваста тадбирҳои муассир ҷиҳати ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби васеи шаҳрвандон ба машқу тамринҳои варзишӣ роҳандозӣ мегарданд.

Изображение WhatsApp 2025-08-23 в 07.44.57_204bfbe4.jpg

Кормандону судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун як ҷузъи ҷомеа бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ, аз ҷумла дар "Рӯзи варзиш", мунтазам иштирок менамоянд. Иштироки фаъолонаи онҳо дар чунин тадбирҳо намунаи ибрат буда, ба таҳкими фарҳанги варзишӣ ва баланд бардоштани сатҳи солимии ҷисмонии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Субҳи 23 августи соли 2025 дар майдони варзишии ба номи Аҳмади Дониш кормандон ва судяҳои Суди Олӣ машқи навбатии варзиширо анҷом доданд. Иштирокчиён бо рӯҳияи болида ва иштиёқи беандоза машқҳои гуногуни ҷисмониро иҷро карда, нишон доданд, ки варзиш нерубахши ҷисму рӯҳ аст. Ин гуна чорабиниҳо ба беҳбуди саломатӣ, баланд бардоштани қобилияти корӣ ва таҳкими рӯҳияи дастаҷамъӣ мусоидат менамоянд.


Бозгашт ба рӯйхат