САРФАРОЗГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ БА ИФТИХОРИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

28 августи соли 2025, дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин намояндагони ҳокимияти судӣ мукофотҳои давлатӣ, унвонҳо ва рутбаҳои махсусро тақдим намуданд.

Изображение WhatsApp 2025-08-28 в 17.06.45_219193c9.jpg

Зимни ин маросим муовини Раиси Суди Олӣ - Раиси коллегияи ҳарбӣ, муҳтарам Раҳмонзода Сайдалӣ Сабзалӣ бо “Ордени Шараф” сарфароз гардонида шуд.

Изображение WhatsApp 2025-08-28 в 17.06.51_3a98d7a3.jpgИзображение WhatsApp 2025-08-28 в 17.06.55_594d40e8.jpg

Инчунин, Раиси суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Қурбонзода Анвар ва судяи суди шаҳри Душанбе Ҷобирзода Сурайё бо мукофотҳои давлатӣ бевосита аз ҷониби роҳбари давлат қадрдонӣ карда шуданд.

Қадршиносӣ ва сарфароз гардонидани судяҳо ва намояндагони ҳокимияти судӣ аз ҷониби роҳбарияти олии давлат аз таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат ба таҳкими волоияти қонун, қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон шаҳодат медиҳад. Ин иқдом гувоҳи эътибори баланди давлат ба нақши муҳими низоми судӣ дар таъмини адолат ва суботи ҷомеа мебошад.


Бозгашт ба рӯйхат