Имрӯз, 29 августи соли 2025 дар маҷлисгоҳи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинари омӯзишии соҳавӣ баргузор гардид. Дар кори он судяи Суди Олӣ муҳтарам Ҳафизода Т., Роҳбари дастгоҳи Суди Олӣ муҳтарам Маҳмадуллозода Н.Ҳ., сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олӣ Исозода Д., кормандони дастгоҳҳои Суди Олӣ, судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар доираи семинар иштирокдорон маърӯзаҳоро оид ба мавзуҳои нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, оид ба тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби коргузорй ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқси ва ҳуқуқӣ», ғайр аз ин шарҳи моддаи 14-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба монеаҳои бастани ақди никоҳ муҳокима гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба муносибати 34-солагии «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои фаъолияти софдилонаи меҳнатӣ як қатор кормандони дастгоҳҳои Суди Олӣ, судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо ифтихорномаҳо ва рутбаҳои дараҷавӣ сарфароз гардонида шуданд.










.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
