СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ КАСБИИ СУДЯҲО

29 августи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари ҳармоҳаи омӯзиши баргузор гардид. Дар кори он судяҳои Суди Олӣ, инчунин судяҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ ва роҳҳои таъмини татбиқи дурусту мутавозии санадҳои қонунгузории амалкунанда мавриди муколама қарор гирифтанд.

Дар рафти машғулияти семинарӣ дар мавзуҳои хусусиятҳои хосӣ таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта (моддаи 179(2) КҶ) ва қонунигардонии (расмикунониии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда (моддаи 262 КҶ) дар робита ба қарори Пленуми Суди Олӣ №5 аз 14 июни соли 2013 “Дар бораи таҷрибаи татбиқи меъёрҳои қонунҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зиди терроризм”, мурофиа оид ба парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амали (беамалии) мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ (боби 24 КММ ҶТ) баррасӣ гардида доир ба мушкилотҳои ҷойдошта дар амалияи судӣ муҳокимаҳо баргузор карда шуданд.

20250829_090740.jpg

Ғайр аз ин, дар кори чорабинӣ масъалаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ (моддаҳои 460, 461 иловаи 1, 465, 467, 471, 471 иловаи 1, 472 КҲМ) муҳокима гардад.

Судяҳо дар муҳокимаҳо фаъолона ширкат варзида, пешниҳодҳо ва ташаббусҳои худро ҷиҳати такмили амалияи судӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбӣ баён намуданд. Ҳадафи асосии семинар ба такмили донишу малакаҳои касбӣ, боло бурдани иқтидори зеҳнӣ ва касбии судяҳо равона шуда, дар таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати адолати судӣ дар кишвар саҳми арзанда мегузорад.


Бозгашт ба рӯйхат