Рӯзи 28 августи соли 2025 дар бинои Суди вилояти Суғд ду толори мурофиавӣ, ки баъд аз корҳои пурраи таъмиру навсозӣ омода гардиданд, ба истифода дода шуданд. Ифтитоҳи толорҳо бо иштироки муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағозода А.С. баргузор гардид.
Дар баробари ин, муовини Раиси Суди Олӣ аз корҳои сохтмонии бинои нави Суди вилояти Суғд низ ошно гардид. Амалӣ гардидани ин иқдомҳо ҷиҳати беҳтар намудани шароити кории судяҳо ва кормандони дастгоҳ, инчунин баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии судӣ ба шаҳрвандон мусоидат хоҳад намуд.











.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
