МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ РУТБАҲОИ ДАРАҶАВӢ ВА ИФТИХОРНОМА ДАР СУДИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Рӯзи 29 августи соли 2025 дар бинои Суди вилояти Суғд маросими тантанавии супоридани рутбаҳои дараҷавӣ ва ифтихорномаҳо баргузор гардид.

Рутбаҳои дараҷавӣ ва ифтихорномаҳо аз номи Раиси Суди Олӣ ба кормандони фаъоли дастгоҳи судҳо бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини Раиси Суди Олӣ Тағозода А.С. супорида шуданд.

photo_2025-08-30_11-21-02.jpg photo_2025-08-30_11-21-03.jpg photo_2025-08-30_11-21-04.jpg

Дар суханронии худ муҳтарам Тағозода А.С. зикр намуданд, ки додани рутбаҳои дараҷавӣ ва ифтихорномаҳо нишонаи қадршиносӣ аз меҳнати содиқона ва фаъолияти пурсамари кормандони соҳаи судӣ мебошад. Ин иқдом ҳамзамон масъулияти онҳоро дар роҳи таъмини адолати судӣ, риояи қонуният ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон боз ҳам бештар месозад.

photo_2025-08-30_11-21-05.jpg photo_2025-08-30_11-21-09.jpg photo_2025-08-30_11-21-14.jpg

Маросим дар фазои тантанавӣ ва самимӣ ҷамъбаст гардида, ба соҳибони рутбаҳои дараҷавӣ ва ифтихорномаҳо комёбиҳои нав дар фаъолияти минбаъда орзу карда шуд.


Бозгашт ба рӯйхат