Судяи Суди Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аланазарзода Шароф.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи эълон намудани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ, ки ҳадафи асосии он бунёд намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад, қадамҳои уствор гузошта истодааст.
Дар даврони 34 соли истиқлолияти давлатӣ ҳокимияти судӣ дар қатори ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор таҳкиму такмил ёфта, ҷиҳати баамалбарории адолати судӣ ва барпо намудани адолати иҷтимоӣ имконияти воқеӣ пайдо намудааст.
Бо қабули Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ ва аз тарафи халқ қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мафҳуми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ муқаррар шуда, ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор ҷой ва мавқеи мустақили худро ба даст овард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд намудаанд, ки тибқи меъёрҳои Конститутсия ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда, нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад.
Ҳокимияти мустақили судӣ барои таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, рушди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мавқеи асосӣ дорад, зеро пойдории давлат ва бақои он аз адолати судии устувор низ бевосита вобастагӣ дорад.
Истиқлолияти давлатӣ ва қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба раванди ислоҳоти судӣ такони тоза бахшида, дар даврони истиқлолият ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав расонидани фаъолияти судҳо тавассути қабул ва амалисозии барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, инчунин қонунҳои соҳавӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Имрӯз ҳокимияти судӣ дар шаклҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва санадҳои қонунгузории миллӣ адолати судиро дар асоси принсипҳои беғаразӣ ва холисӣ мустақилона амалӣ намуда истодааст.
Қобили қайд аст, ки мустақилияти ҳокимияти судӣ ва рушди он самараи Истиқлоли давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Кафолати мустақилияти судяҳо, аз ҷумла чораҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, тартиби махсуси интихоб, таъин, озод ва бозхонд шудани онҳо, дахлнопазирии судяҳо, муқаррар намудани ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбат ба суд ва манъи ҳама гуна дахолат ба фаъолияти судяҳо дар амалӣ намудани адолати судӣ, инчунин муҳайё намудани шароити ташкилӣ, моддӣ-техникӣ ва иҷтимоӣ ҷиҳати фаъолияти бонизоми ҳокимияти судӣ дар муқаррароти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
Боиси зикр аст, ки дар фаъолияти худ танҳо ба Конститутсия ва санадҳои қонунгузорӣ итоат намудани судяҳо яке аз кафолатҳои мустақими мустақилияти ҳокимияти судӣ ба ҳисоб меравад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои назаррасе амалӣ шуда, барои тақвияти пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, шароити зарурии институтсиоаналӣ бо мақсади баррасӣ ва ҳалли қонунии парвандаҳои судӣ таъмин гардида истодаанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои пайваста зоҳир менамоянд. Чунончи, дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳи зиёд намудани воҳидҳои кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, афзоиши маблағгузории ҳамасолаи мақомоти судӣ, таъмини судҳо бо биною таҷҳизоти муосир ва дигар тадбирҳои созанда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити лозима барои фаъолияти самараноки судҳо амалӣ шуда истодаанд.
Волоияти қонун, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд бо роҳи таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ ҳамчун кафолат хизмат намуда, воситаи асосӣ барои риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҷомеаи демократӣ мебошад.
Аз ин рӯ, бо мақсади амалӣ гардидани принсипҳои конститутсионии мустақилияти судҳо, бемайлон баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва манфиати давлат зарур аст, ки ҳокимияти судӣ мунтазам таҳким ва густариш ёфта, ислоҳоти низоми судӣ дар мамлакат бо назардошти самтҳои Рушди устувори Тоҷикистон идома дода шавад.
Таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ ва сохтори он ҷиҳати беҳтар намудани амалияи шаффофияти фаъолияти судҳо, тақвият бахшидан ба мурофиаи судии ошкоро ва одилона мутобиқ ба стандартҳои миллию байналмилалӣ, ҷорӣ намудани низоми иттилоотии мурофиаи судӣ дар фаъолияти судҳо, аз ҷумла дар шакли электронӣ пешниҳод намудани даъво ва ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, тақсимоти парвандаҳои судӣ, муҷаҳҳаз гардонидани толори судҳо бо технологияҳои муосири рақамӣ яке аз воситаҳои таъмини принсипи баамалбарории ошкорои адолати судӣ ба ҳисоб рафта, такмил додани санадҳои қонунгузорӣ ва таъмини инфрасохтори заруриро дар биноҳои судҳо бо мақсади ба сатҳи сифатан нав расонидани фаъолияти судҳо пешбинӣ менамояд.
Ҳоло дар низоми судии кишвар барои ҷорӣ намудани унсурҳои электронии коргузорӣ, ба воситаи технологияҳои рақамӣ қабул ва ирсол намудани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ ва иттилоотонии ҷомеа оид ба фаъолияти судҳо қадамҳои аввалин гузошта шуда истодаанд. Дар назар аст, ки хизматрасониҳои судӣ ба воситаи низоми электронии иттилоотии мурофиаи судӣ ба роҳ монда мешаванд.
Бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии давлат ва ҳалли вазифаҳои гузошташуда, таҳия ва қабули ҳуҷҷати барномавии нави рушди ҳокимияти судӣ дар даврони бунёдсозии Тоҷикистони соҳибистиқлол тақозои замон ба ҳисоб меравад.
Имрӯз талаби давру замон аст, ки судяҳо ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳама ҳолат ба савганди худ содиқ бошанд, шаъну шарафи судягиро нигоҳ дошта, ваколатҳояшонро бо риояву иҷрои ҳатмии қонунҳо бо масъулияти баланди касбӣ анҷом диҳанд, инчунин бо маърифату дониш, одобу ахлоқи намунавӣ ба халқу Ватан содиқонаву беғаразона хизмат намоянд.
Пешрафтҳои дар ин самт ба даст овардаамон ҳама самараи истиқлоли сиёсианд ва мо вазифадорем, ки онро бо меҳнати фидокоронаю содиқона ба Ватани маҳбубамон, бо худшиносии баланди миллӣ ва зиракии сиёсии ҳамешагӣ боз ҳам афзунтару устувортар гардонем.
Аз ин рӯ, барои дар заминаи чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди пешрафти истиқлоли сиёсӣ минбаъд ҳам оид ба ташаккули ифтихори ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ тамоми шаҳрвандони кишварамон бояд ҷидду ҷаҳд намоянд.
Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак бошад.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
