Судяи Суди Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бобоҷонзода А.А.
Аз ибтидои эълон шудани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими боэътимоди ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ, амнияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, таъмини осоиштагии ҳаёти мардум ва таҳкими қонуният самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардиданд, ки дар натиҷаи кушишҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар давоми 34 соли сипаригашта дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд.
Новобаста аз ҳама имтиҳонҳои ҷиддии таърихие, ки ба сари халқи Тоҷикистон дар давраи аввали истиқлолияти давлатӣ омад, бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дақиқан муайян гардида, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва мустақилияти ҳокимияти судӣ дар сатҳи расмӣ муқаррар гардид. Маҳз дар даврони соҳибихтиёрӣ моҳият ва мазмуни ба амалбарории адолати судӣ таҷассуми сатҳи муосири ташаккул ёфтани низоми таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон эътироф гардид. Дар таърихи Тоҷикистон аввалин маротиба дар Конститутсияи кишвар “арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон" эълон карда шуд, ки ифодакунандаи мартабаи баланди инсон, эътироф ва эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, таҳти ҳимояи давлат қарор гирифтани он аст. Аз ин лиҳоз, ба паҳлуҳои ҷудогонаи оғози ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон аз нуқтаи назари рушди меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузорӣ кардан ба мақсади тадқиқоти мо мувофиқ аст. Воқеан, қабули Конститутсияи соли 1994 имконият дод, ки дар ҷумҳурӣ сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона ва волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ барқарору ҳукмрон гардад. Маҳз заминаҳои конститутсионӣ дар давлат барои рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва таъмин шудани адолати иҷтимоӣ шароити мусоид ба вуҷуд оварданд.
Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат, инчунин эҳтиром ва риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун аз тарафи шаҳрвандон, масъулияти онҳо дар назди давлат ва ҷамъият яке аз нишонаҳои зарурӣ ва тақозои тағйирнопазири бунёди ҷомеаи ҳуқуқӣ ва демократӣ дониста шуданд. Дар қонуни асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбинӣ гаштани асосҳои адолати судӣ, ба монанди арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дастрасии адолати судӣ бар ҳар кас чун ҷузъи бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ ва тасдиқи оғози ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Қабул ва амалӣ шудани меъёрҳои ҳуқуқӣ бо назардошти арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд на танҳо танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, инчунин афкори ҳуқуқии ҷомеа, сатҳи маърифатнокии ҳуқуқӣ, масъулиятшиносии ҳар фарди ҷомеаро то андозае баланд бардошт.
Ҳар як марҳилаи баъдинаи инкишофи ҷомеаи мо дар даврони соҳибистиқлолият зарурати такмили низоми сиёсӣ ва иқтисодиро ба миён овард. Вусъати бештар бахшидан ба демократикунонии ҷомеа ва ба ҳамин роҳ гузоштани заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мусоидат ба рушди иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла татбиқи минбаъдаи муносибатҳои нави иқтисодии ба иҷтимоиёт нигаронидашуда ва дар маҷмӯъ фароҳам овардани шароити лозима барои рушди ҳамаи соҳаҳои зиндагии ҷомеа омилҳои асосии ворид кардани тағйиру иловаҳо дар солҳои 1999, 2003, 2016 ба Конститутсияи кишвар гардиданд. Аз ин рў, баробари такмил дода шудани қонунгузории миллӣ, такмил дода шудани асосҳои ба амалбарории адолати судӣ дар ҷумҳурӣ якчанд Барномаҳои давлатии ислоҳоти судию ҳуқуқӣ қабул ва амалӣ шуданд, ки бевосита ба таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат карданд.
Вобаста ба дигаргуниҳои куллии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ислоҳоти асосҳои адолати судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаҳои зерин ҷудо кардан лозим аст:
1) Оғози ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар таърихи муосири давлатдории миллӣ аз солҳои 1990-1994;
2) Марҳилаи дуюми ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар солҳои 1994-2003;
3) Марҳилаи сеюми ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар солҳои 2003-2016;
4) Марҳилаи чоруми ислоҳоти судию ҳуқуқӣ аз соли 2016 оғоз шудааст.
Мақсад аз қабули барномаҳои давлатӣ судӣ-ҳуқуқӣ, баҳри таҳким бахшидан ба ҳокимияти судӣ ва мақомоти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини кафолати судии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, тақвияти талабот нисбати кадрҳои судӣ, баланд бардоштани донишу таҷриба ва масъулиятнокии онҳо дар натиҷаи амалӣ шудани барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Таъмини адолати судӣ, таҳкими арзишҳои иҷтимоии миллӣ, асосҳои миллии давлатдорӣ ва самаранокии татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии мутахассисон ва аҳли ҷомеаро пайваста талаб мекунад. Аз ин рў, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба яке аз масъалаҳои асосӣ ва заминаи муҳими пешрафти ҷомеа бояд табдил ёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ҳудшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтиҳори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар диққати махсус зоҳир менамоянд ва онҳоро мояи бебаҳои миллӣ медонанд.
«Фарҳанг пайвандгари маънавии наслҳо буда, ҳофизаи таърихии миллатро устувор медорад, фарзандони ўро ба сўи арзишҳои солиму ибратбахши ҷомеаи башарӣ ҳидоят менамояд». Бинобар ин, баҳри баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва яке аз шаклҳои асосии тарбия – таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ, хусусан тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳуқуқ диққати хоса дода шавад.
Ҳолатҳои номбаршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар партави ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои номбаршуда ва бартараф намудани сабабу шароитҳои дастнорас будани адолати судӣ ба шаҳрвандон диққат дода мешавад, меъёрҳои амалкунанда такмил дода мешаванд ва дар як вақт бояд сифати риоя ва иҷрои қонунҳо беҳтар карда шаванд. Дар ин сурат, воқеан меъёрҳои конститутсионӣ, ки ҳимоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро мазмуни қонунҳо ва ҳадафи фаъолияти тамоми мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла судӣ муқаррар кардааст, пурра амалӣ мегардад.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
