ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

   

    Қамарзода Рошиддин

    Судяи Суди Олии 
    Ҷумҳурии Тоҷикистон 











Барои ҳар як миллат истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳо ва арзишманд ба шумор меравад. Зеро он асоси ташаккули давлатдорӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва кафолати суботу амнияти ҷомеа мебошад.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатиро дар заминаи рӯйдодҳои сиёсии солҳои 1990 ба даст овард. Ин раванд бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва тағйироти сиёсӣ, ки дар ибтидои солҳои 1990, бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла буҳрони иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, заиф гардидани идораҳои давлатӣ, ки ба пайдоиши ҳаракатҳои миллӣ дар ҷумҳуриҳои шӯравӣ замина фароҳам оварда буд, оғоз гардид.

          9 сентябри соли 1991 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатиро расман эълон кард. Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ - марҳилаи худшиносӣ, худсозӣ ва бунёди давлати соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёду демократӣ қадам гузошт.

        Баъди ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон ба ҷанги бемаънии шаҳрвандии хунин, ки онро метавон фоҷиаи бузург номид, гирифтор шуд, ки он ба амнияту субот ва иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар замони аввали истиқлолият бо омилҳои сиёсии хориҷиву дохилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва миллӣ вобаста буд. Ба хусус сохторҳои давлатии он вақт амалкунанда фалаҷ гардида, аз иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда баромада натавонистанд.

          Инчунин мавҷуд набудани таҷриба ва омодагии зарурӣ ҷиҳати мустақилона ташкил намудани низоми сиёсию иқтисодӣ, дар мамлакат  гурӯҳҳои сиёсии гуногун барои ба даст овардани ҳокимият ва қудрат талош карда, муқобили якдигар баромаданд.

         Шиддатнок ва давомдор гардидани ҷанги шаҳрвандӣ аз пуштибониҳои хориҷӣ вобастагӣ пайдо намуд, ки ин боиси бад гардидани вазъияти сиёсиву иқтисодии мамлакат гардид. Дар натиҷаи чунин бархӯрди манфиатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва минтақавӣ ва идома ёфтани ҷанг талафоти зиёди ҷонӣ ва молӣ ба вуҷуд омада, садҳо ҳазор нафар аз ватан гуреза шуданд. Тоҷикистон дар ҳолати нобудшавӣ ва ба порчаҳо тақсимшавӣ қарор гирифта, хатар ба истиқлолият ва якпорчагии кишвар ба вуҷуд омад.

          Бояд қайд намуд, ки дар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини истиқлолияти давлатӣ, пойдор боқӣ мондан ва минбаъд бемайлон рушд кардани Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бузург дошта, маҳз амалисозии сиёсати сулҳпарварона, хирадмандонаву дурандешонаи ӯ боиси ҳаёти осоиштаи минбаъдаи мардуми кишвар гардид.

         Пешвои миллат дар замони оғуштаи хун будани Тоҷикистон бо шиори «Ман ба халқи азияткашидаи худ сулҳ меорам, ҳатто агар ин ба зиндагии ман анҷом ёбад» роҳбарии давлатро ба даст гирифта, раванди музокиротро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин бо роҳбарии бевоситаи  хеш ба роҳ монданд. Музокирот ва гуфтушунидҳо дар манотиқҳои гуногуни дунё, новобаста аз кафолати таъмини ҳаёти шахсӣ бо роҳбарии Сарвари давлат ба  сулҳу субот оварда расонд, ки дар натиҷа соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки он ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид.

         Пешвои миллат ҷиҳати амалисозии ин Созишнома, ки яке аз асосҳои зарурии таъмини Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, амалҳои зиёди судманд ба мисли эълони афви умумӣ, аз нав ташкил ва тақвият додани сохторҳои давлатӣ, ба ҳаёти сиёсии мамлакат ворид намудани мухолифин, багардонидани гурезаҳо ба макону манзил ва дигар корҳои бузургро ба анҷом расониданд.

         Бо ташаббуси Пешвои миллат раванди корҳои ободонӣ, бозсозии шаҳру деҳот, боло бурдани худшиносии миллӣ, таҳким бахшидан ба пояҳои истиқлолият ва давлатдории миллию ҳокимияти давлатӣ давом ёфта истодааст.

        Бояд қайд намуд, ки яке аз ҷанбаҳои муҳими ин раванд рушди ҳокимияти судӣ - ҳамчун яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ мебошад.

         Ҳангоми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 ба вуқуъ пайваста буд, бори аввал дар таърихи кишвар ҳокимияти судӣ  ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, дар назди он вазифиа баамалбарории адолати судӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд гузошта шудааст.

        Воқеан ҳокимияти судӣ дар таъмини адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дар мустаҳкам нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ нақши калидӣ дорад.

         Суди воқеан мустақил ва одил сипари боэътимод дар муқобили ҳама гуна хатарҳо ба истиқлолияти миллӣ мебошад.

         Аз сиёсати пешанамудаи Пешвои миллат бармеояд, ки ҳокимияти судӣ дар ҳеҷ маврид набояд зери таъсири манфиатҳои шахсӣ ё сиёсӣ қарор дошта бошад. Он воқеан бояд мустақил ва беғараз бошад. Зеро бо меъёрҳои конститутсионӣ ба ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дода, муқаррар карда шудааст, ки ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз баррасӣ намояд.

           Бояд ҳамеша дар назар дошт, ки мустақилию беғаразии суд на танҳо барои ҳокимияти давлатӣ будани он, балки барои ҷомеа ва ҳар як шахс зарур аст.

           Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки рушди ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ дар шароити давлати соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёд мебошад. Мо вазифадорем, ки бо роҳи ислоҳоти амиқи судӣ-ҳуқуқӣ, таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани масъулияти судяҳо, барои эҳёи эҳтиром ба қонун ва таъмини адолати иҷтимоӣ талош варзем.

         Дар даврони истиқлолият тадбирҳои зиёди ислоҳотӣ дар самти таъмини мустақилияти судҳо ва бартараф намудани дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти онҳо, кафолатҳои конститутсионӣ ва қонунӣ ҷорӣ карда, ҷиҳати боз ҳам мустақил гардидани он чораҳо андешида шуда истодааст.

         Умуман ҳокимияти судии кишвар дар даврони истиқлолият ҳамчун ҳокимияти давлатӣ мавқеи муҳимеро ишғол карда, ба ташаккули ҷомеаи демократӣ ва таҳкими суботи сиёсиву иҷтимоӣ мусоидат намуда, бо баамалбарории адолати судӣ ва қабули санадҳои судии қонунию асоснок эътимод ва боварии мардумро нисбат ба давлат баланд бардошта, бо ин васила  фарҳанги эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқро дар ҷомеа ташвиқ менамояд, ки ин ба нигоҳдории оромиву амни кишвар зарур аст.

         Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ омили асосӣ ва заминаи бунёдии рушди ҳокимияти судӣ гардида, имконият фароҳам овард, ки

низоми судии кишвар дар татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ мутобиқ ба талаботи ҷомеа ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ адолатро таъмин намояд.

 

Бозгашт ба рӯйхат