раиси коллегияи судӣ оид
ба парвандаҳои мадании Суди Олӣ
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 эълон гардид, оғози марҳилаи навин дар таърихи ҳуқуқу давлатдории тоҷикон мебошад. Истиқлолият имконият дод, ки давлат низоми мустақили қонунгузории миллиро бунёд намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар асоси арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқбунёдӣ танзим намояд. Дар байни соҳаҳои гуногуни қонунгузорӣ, ҳуқуқи маданӣ ҷойгоҳи хоса дорад, зеро он асоси ҳуқуқии муносибатҳои моликиятӣ, шартномавӣ, соҳибкорӣ ва дигар робитаҳои иқтисодию иҷтимоиро муайян месозад.
Дар ин давра аз аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва дигар самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ чорабиниҳои назаррас роҳандозӣ ва амалӣ карда шуданд. Бахши тиҷорати хусусӣ дар рушди бемайлони иқтисоди кишвар нақши муҳим мебозад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя такони ҷиддӣ бахшид.
Ҳамзамон аз соли 2007 Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шуд, ки барои таҳкими раванди беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Бо ба даст овардани истиқлолият, зарурати эҷоди низоми ҳуқуқии миллӣ ба миён омад. Ҷомеаи нав истиқлолият талаб ба қонунҳое ниёз дошт, ки муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро мутобиқи воқеияти кишвар танзим намоянд.
Қадами нахустин дар ин самт қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри 1994) буд. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф карда, моликияти хусусиро кафолат дод ва заминаи ҳуқуқии рушди иқтисоди бозорӣ гардид.
Дар идомаи ин раванд, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1999, 2000) қабул шуд, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлолият мебошад. Кодекс дар се қисм таҳия гардида, муносибатҳои моликиятӣ, уҳдадориҳо, шартномаҳо, мерос ва дигар институтҳои маданиро ба таври муфассал танзим намуд.
Бо ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва рушди ҷомеа зарурат ба миён омад, ки Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав 22 декабри соли 2022 қабул гардида, аз 1 июли соли 2023 мавриди амал қарор дода шуд. Кодекси маданӣ бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва хусусиятҳои миллии ҳуқуқи тоҷикон таҳия шуда, санади асосии ҳуқуқи маданӣ ба шумор меравад.
Бо шарофати истиқлолият, дар Тоҷикистон институтҳои муҳимми ҳуқуқи маданӣ ташаккул ёфтанд:
- Муносибатҳои моликият: мустаҳкам гардидани моликияти хусусӣ ва давлатӣ, танзими ҳуқуқи истифодабарии замин, манзил ва дигар молу мулк. Тибқи қонунгузории маданӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дахлнопазирӣ ва имконоти амалисозии ҳуқуқи моликияти ҳар як молик, рушди шаклҳои гуногуни моликият шароити зарурии баробар фароҳам меоварад ва ҳимояи онҳоро таъмин мекунад.
- Шартномаҳо ва уҳдадориҳо: қонунгузорӣ имкони бастани шартномаҳои гуногуни шаҳрвандӣ ва тиҷоратиро фароҳам овард.
- Ҳуқуқи мерос: тартиби нави меросгузорӣ мутобиқ ба талаботи ҷомеаи муосир таҳия гардид.
- Соҳибкорӣ ва иқтисоди бозорӣ: қонунгузории маданӣ ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя мусоидат намуд.
Нақши истиқлолият дар такмили қонунгузории маданӣ
Истиқлолият барои рушди қонунгузории маданӣ чунин имкониятҳо фароҳам овард:
- Қабули қонунҳо ва кодексҳои мутобиқ ба воқеияти миллӣ;
- Мустаҳкам намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- Ташаккули шароити ҳуқуқӣ барои иқтисоди бозорӣ;
- Ҷалби меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба қонунгузории миллӣ.
Дар натиҷа, низоми қонунгузории маданӣ дар Тоҷикистон ба як омили муҳимми пешрафти ҷомеа ва иқтисод табдил ёфт.
Хулоса
Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон имконияти таърихиро фароҳам овард, ки низоми мустақили қонунгузории маданӣ таъсис дода шавад. Қонунгузории мадании миллӣ имрӯз яке аз пояҳои асосии давлатдории ҳуқуқбунёд ва иқтисоди бозорӣ мебошад. Пешрафти минбаъдаи он аз такмили пайваста ва мутобиқсозӣ ба равандҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
