АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РУШДУ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

IMG_7242копирование.jpg  Судяи Суди Олӣ 

  Шӯҳратзода Улуғбек





Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст, барои халқи тоҷик ва мардуми кишвар воқеан асри нави эҳёи давлатдории миллӣ ва ислоҳоти бузурги сиёсӣ ба шумор меравад.

Имрӯз ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 сол пур гардид ва дар ин муддати на он қадар тӯлонии таърих, дастовард ва муваффақиятҳои ба дастомада ҷумҳурии моро ба музаффариятҳои беназир мушарраф гардонид. Яке аз дастовардҳои нодири даврони истиқлолият аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Мутаасифона, дар оғози соҳибистиқлолӣ аз сабаби мудохилаи қувваҳои беруна, гуруҳҳои манфиатҷӯй дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардида, авзои сиёсии мамлакатро вазнин гардонид.

Хушбахтона, ба баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб ва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ, сарвари давлати тоҷикон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор дар роҳи истиқлолияти комили миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ гузошта шуд.

Ҳукумати навтаъсиси мамлакат бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ пайваста тадбирҳои муассирро дар роҳи таъмини сулҳу субот амалӣ намуд.

Раванди таҳкими истиқлолият ва бунёди давлатдории миллии тоҷиконро бо чанд ҷанба ва амалҳои таърихии Сарвари давлат ҳамчун бунёдгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол метавон шарҳу эзоҳ дод.

Таъсиси ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлолият ва бунёди давлати муосири тоҷикон яке аз роҳу василаи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт. Муҳимтарин вазифа дар ин роҳ – ин тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии мамлакат буд.

Баъд аз барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки ба барқарорсозии фаъолияти фалаҷгаштаи мақомоти давлатӣ хотима бахшида, ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон равона шуда буданд.

Дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ қабул шудани санадҳо “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шаҳодати он буд, ки ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон баъд аз Эъломияи соҳибистиқлолӣ аз 24-уми августи соли 1990 ва Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 1991 ба марҳилаи нав ворид гардид.

Яке аз масъалаҳои муҳим ва асосие, ки дар оғози истиқлолият ба миён омад, ин интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд.

Сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки вазъи буҳронии кишвар бо роҳи музокира ва мусолиҳа бартараф гардид.

Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини худ ҳамчун Сарвари давлат роҳ ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро интихоб намуда, дар ин ҷода азму талоши беандоза намуданд.

Эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, зарурияти қабули Конститутсияи навро ба миён овард. Дар қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” масъалаи қабули Конститутсияи нав пешбинӣ гардид. Ин санади таърихӣ барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Яке аз рӯйдодҳои муҳим барои давлатдории миллии мо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он роҳи ояндаи давлати моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд.

Қадами дигари хеле муҳим дар роҳи бунёди давлати миллӣ, давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон, ин ба вуҷуд овардани низоми нави ҳуқуқии миллӣ ба ҳисоб меравад. Тарҳрезии низоми нави ҳуқуқӣ ҳамчун таҳкурсии бинои давлати нав, роҳу василаи эъмори он заминаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ғоявӣ ва дар маҷмӯъ тантанаи демократия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, фароҳам овардани шароиту имкониятҳо барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.

Низоми ҳуқуқи миллӣ дар Тоҷикистон бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ бо ташаббуси Пешвои миллат, аз рӯзҳои аввал аз ҷониби тамоми мардум ва давлатҳои мухталиф пазируфта шуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати воқеан демократӣ ва ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд.

Дар оғози қарни нав имкониятҳои васеи татбиқи ислоҳот ва барномаҳои давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат имконпазир гардид. Ин тадбирҳо ҳанӯз соли 2000 самараи худро нишон дода, натиљањои баландтарин нисбат ба давраи оғози истиқлолият ба қайд гирифта шуд.

Маҳз аз ҳамин давра ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, он ҳамчун дастур, ҳидоят, барнома, тарҳу нақшаи фаъолият барои оянда, рисолати созанда ва бунёдкорона дошта, дар рушди минбаъдаи кишвар саҳми сазовор гузошт.

Ба қадри истиқлолияту озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва ҳифзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Истиқлолият барои мо натанҳо як санаи таърихӣ, балки рамзи соҳибдавлатӣ, ватандорӣ ва худогоҳии миллии тоҷикон аст. Он ба миллати тоҷдори мо имконият дод, ки номаи тақдири худро бо дасти хеш навишта, роҳ ва мақоми шоистаро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кунад.

Аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият, бунёди давлатдории муосири миллӣ мебошад. Мо соҳиби Артиши миллӣ, пули миллӣ ва шиносномаи миллӣ гардидем, ки ин рукнҳои асосии давлатдории мустақил мебошанд. Ин дастовардҳо ба таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини амният ва ҳифзи марзу буми кишвар мусоидат намуданд. Чунонеки худи Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Мо бояд ин неъмати бе баҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва барои ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз кӯшиш кунем. Бо чунин орзуҳои нек, ҳамаи шуморо бо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрик мегӯям!



Бозгашт ба рӯйхат