ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

photo_2025-09-11_23-34-08.jpg     

   

Қурбонализода Мунира Қурбоналӣ
   судяи суди шаҳри Душанбе








Истиқлолият ҳамчун раванде таърихию иҷтимоӣ ва сиёсӣ хусусияти давомдор дошта, ҳар марҳилаи он вобаста ба хусусиятҳои худ фарқкунанда мебошад. Соҳибистиқлол гаштан марҳилаи аввали расидан ба ҳадафи худсозӣ маҳсуб ёфта, тавассути ҳамгироии зичи ҷомеа, талошҳои созанда ва рӯҳияи истиқлолиятхоҳӣ ба даст меояд. Ин раванд арзишманд ва рушдёбанда буда, доимо ҳифз ва мустаҳкамгардонии он зарур аст. Тағирпазирии истиқлолият аз омилҳои гуногуни дохилӣ ва берунӣ вобаста буда, онро метавонист танҳо идоракунии дуруст нигоҳ дорад.

Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихии давлатдории тоҷикон мебошад. Мафҳуми «истиқлолият» дар асл арзишмандтарин неъмат ба шумор меравад. Он ба рушди босуботи кишвар, баландшавии сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ мусоидат мекунад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ буда, ба миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик имкон дод, ки номаи тақдирашро бо дасти худ навишта, роҳ ва мавқеи муносиб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кунад.

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии истиқлолияти давлатӣ иброз доштанд: «Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ ва як овози баробар дорад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро мешиносад ва пешниҳодҳои онро дастгирӣ менамояд. Мо бояд ба қадри ин неъмати муқаддас расем, барои ҳифзи дастоварди таърихӣ ҳамеша омода бошем ва сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшем».

Бо назар ба таърихи навини давлатдории тоҷикон, марҳилаи нави эҳёи миллат маҳз аз Истиқлолият сарчашма мегирад. Бунёди давлати миллӣ қариб аз зери пои аввал оғоз шуда, миллати тоҷик барои расидан ба ин ҳадаф марҳилаҳои душвор ва роҳҳои печидаеро паси сар кард.

Дар масири давлатсозӣ андешидани чораҳои иқтисодию ҳуқуқӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ қадами аввал ва асосӣ маҳсуб мешавад. Аз соли 2000 таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси барномаи дарозмӯҳлати Созмони Милали Муттаҳид – «Рушди ҳадафҳои ҳазорсола» татбиқи се ҳадафи стратегӣ: «Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «Таъмини амнияти озуқаворӣ», «Истиқлолияти энергетикӣ» ва ниҳоят «Саноаткунонии босуръати кишвар» оғоз гардид.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии кишвар маҳсуб ёфта, аз рӯзҳои аввали истиқлолият зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат қарор дошт. Сохтмони роҳу пулҳо имкони ҳамоҳангсозии минтақаҳои гуногуни кишвар ва мусоидат ба омаду рафти сокинонро фароҳам овард. Бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ нақбҳо, роҳҳои оҳан ва роҳҳои мошингарди миллӣ ва байналмилалӣ ба монанди пули «Дӯстӣ», роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Хоруғ – Қулма ва дигар иншоот сохта шуд. Ин лоиҳаҳо рафтуомади аҳолӣ ва ҳамлу нақли борро беҳтар намуда, сатҳи иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардумро баланд бардоштанд.

Истиқлолият энергетикӣ низ яке аз ҳадафҳои стратегӣ мебошад. Тадриҷан бо заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи соҳибистиқлолӣ НБО-ҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», хатҳои интиқоли барқ 500 кВ «Ҷануб-Шимол», 220 кВ «Лолазор-Хатлон» ва НОБ «Роғун» ба истифода дода шуданд. Иншооти бузург ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди инфрасохтор мусоидат карданд ва Тоҷикистонро дар миёни кишварҳои олам ҳамчун таҷрибаи пешрафта муаррифӣ намуданд.

Ҳамзамон, таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳадафҳои афзалиятноки стратегӣ мебошад. Пешрафти соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030», Қонуни «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ва «Барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ 2019-2024» қабул гардида, истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзиро дастгирӣ мекунанд.

Саноаткунонии босуръати кишвар низ ҳадафи муҳими Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат қайд кардаанд, ки рушди соҳаи саноат ва инноватсия имконият медиҳад сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ фароҳам оварда шаванд. Дар давраи истиқлолият зиёда аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта ва ба истифода дода шудааст.

Дар заминаи сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намуд. «Сиёсати дарҳои боз», ки аз соли 2003 роҳандозӣ шудааст, мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ устувор гардонд. Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудааст. Пешвои миллат ташаббусҳои байналмилалиро дар соҳаи об, аз ҷумла «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии Об барои ҳаёт» ва «Соли ҳифзи пиряхҳо», роҳандозӣ намуданд, ки Созмони Милал онҳоро дастгирӣ кард.

Дар натиҷа, самараи нек ва дастоварди бузурги истиқлолият он аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун давлати сулҳхоҳ ва сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гардида, ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. 


Бозгашт ба рӯйхат