12 сентябри соли 2025 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Р.П., бо мақсади таҳкими адолати судӣ, шиносоӣ бо фаъолияти амалии судҳо ва арзёбии сатҳи корҳои таъмирӣ, ба биноҳои навтаъмиршудаи судҳои ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Раиси Суди Олӣ аз иҷрои босифати корҳои таъмирӣ ва муҳайё гардидани шароити зарурии кориро қобили таҳсин арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки фароҳам овардани инфрасохтори муносиб барои фаъолияти судҳо қадами муҳим дар таҳкими нуфузи суд, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии ҳуқуқӣ ва ҷалби бештари эътимоди ҷомеа ба низоми судӣ маҳсуб меёбад.
Суди ноҳияи Сино:
Суди ноҳияи Фирдавсӣ:
Суди ноҳияи Шоҳмансур:

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
