Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025, №911 оид ба солҳои 2025-2030 эълон намудани “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар мақомоти судӣ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Сино, И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва суди ҳарбии шаҳри Душанбе ба Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (edo.innovation.tj) пурра пайваст гардида, ҳамгироии мубодилаи ҳуҷҷатҳо байни судҳои мазкур ва мақомоту идораҳои дигар пурра дар шакли электронӣ роҳандозӣ шудааст.
Ҷиҳати тақвият бахшидан ба иқтидори зеҳнии судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳҳои судҳо рӯзҳои 11 - 12 сентябри соли 2025 дар бинои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз тарафи гурӯҳи доимамалкунандаи Суди Олӣ оид ба рақамикунонии ҳокимияти судӣ чорабинии омӯзиши- амалӣ баргузор гардид.
Ин иқдом ба он равона шудааст, ки ҳуҷҷатгузорӣ бо усули комилан рақамӣ ба роҳ монда шуда, шаффофият, самаранокӣ ва саривақтӣ таъмин гардад.
Бо татбиқи ин ташаббус, тамоми судҳои пойтахти кишвар қадамҳои устуворро дар самти рақамикунонии низоми судӣ гузошта, заминаи мусоидро барои ҷорӣ гаштани Ҳукумати электронӣ фароҳам меоранд.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
