МУЛОҚОТИ РАИСИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАИ ДОИМИИ НАВИ БРСММ

Имрӯз, 25 сентябри соли 2025 Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П. намояндаи доимии навтаъини Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон муҳтарам Судипто Мукерҷиро ба ҳузур пазируфтанд.

20250925_064533.jpg

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дурнамои ислоҳоти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими волоияти қонун ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба адолат, баланд бардоштани иқтидори институтсионалии низоми судӣ ва тақвият додани самти рақамикунонии фаъоляити ҳокимияти судӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 IMG_1189.JPG photo_2025-09-25_17-44-19.jpg

Раиси Суди Олӣ ба роҳбари БРСММ барои ҳамкориҳои судманд ва амалигардонии лоиҳаҳои муштарак, ки ба навсозии низоми судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ равона шудаанд, изҳори сипос намуданд.

20250925_064713.jpg

​Ҷаноби Мукерҷӣ, дар навбати худ, омодагии БРСММ-ро барои идомаи ҳамкориҳои дуҷониба дар татбиқи ҳадафҳои стратегии рушд таъкид карда, аҳамияти мустаҳкам ва густариш додани ҳамкориҳоро ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор махсус қайд намуд.

photo_2025-09-25_17-44-17.jpg 20250925_064755.jpg

​Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ ба мувофиқа расиданд, ки шарикии зич ва созандаро дар самти таҳкими адолати судӣ идома диҳанд.


Бозгашт ба рӯйхат