ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ АРБИТРАЖИ ЗАМОНАВӢ БО ИШТИРОКИ СУДЯҲОИ СУДИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН

26 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Русия ба номи В.М. Лебедев Форуми байналмилалӣ бо мавзӯи асосӣ «Арбитражи замонавӣ: ҳамкорӣ ва муколамаи судҳои миллӣ бо судҳои байналмилалӣ» ба шакли маҷозӣ баргузор гардид.

20250926_112833.jpg

Дар форум намояндагони ҳокимияти судии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш судяҳои Суди Олӣ — Шуҳратзода У., Саидзода М. ва Шарифзода И. намояндагӣ карданд.

1.jpg

Чорабинӣ ба густариши ҳамкории судӣ, такмили таҷрибаи амалии арбитраж ва баланд бардоштани самаранокии адолати иқтисодӣ дар фазои кишварҳои узви ИДМ равона гардида, ҳамчун минбаре барои мубодилаи таҷриба ва муколамаи судӣ хизмат намуд.


Бозгашт ба рӯйхат