БАРРАСӢ ВА ҲАЛЛИ САРИВАҚТИИ ПАРВАНДАҲО ЯКЕ АЗ ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ СУД БА ҲИСОБ МЕРАВАД.

Тибқи талаботи моддаи 84 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

       Аз моҳияти моддаи мазкур бармеояд, ки ҳокимияти судӣ дар ҷомеа нақш ва мавқеи муҳим дошта, барои таҳкиму субот ва пешрафти он саҳмгузор аст.  

      Аз ин рӯ, баррасӣ намудании парвандаҳо аз ҷониби судҳо бо тартиби қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст.

      Қайд намудан бамаврид аст, ки яке аз вазифаҳои мурофиаи судии маданӣ аз дуруст ва саривақт баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои маданӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи шаҳрвандон (шахсони воқеӣ), шахсони ҳуқуқӣ, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони дигар, ки субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии маданӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, манзил, замин, экологӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошанд, ба ҳисоб меравад.

         Қонунгузории мурофиавии маданӣ ба уҳдаи судҳо саривақт баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои маданӣро вогузор карда, вобаста аз хусусияти парвандаҳо муҳлати барасии онҳоро муқаррар намудааст.

        Чунончӣ, тибқи талаботи моддаи 157 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаҳои маданӣ дар мӯҳлати то се моҳ аз рӯзи қабули ариза аз ҷониби судя баррасӣ ва ҳал карда мешаванд.

        Суд парвандаҳоро дар хусуси барқарор намудан ба кор, ситонидани алимент дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ аз рӯзи қабули аризаи тарафҳо аз ҷониби суд баррасӣ ва ҳал менамояд.

        Инчунин мӯҳлатҳои кӯтоҳи баррасӣ ва ҳалли гуруҳи алоҳидаи парвандаҳои маданӣ низ муқаррар гардидааст.

        Масалан, ариза аз хусуси қарорҳои комиссияҳои интихобот, аз хусуси қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расиданаш ба суд дар мӯҳлати се рӯз бояд баррасӣ карда шавад ва  агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш рӯз монда бошад, чунин ариза бояд фавран баррасӣ карда шавад.

         Қонунгузори мурофиавӣ на танҳо барои баррасии парвандаҳо дар марҳилаи якум, балки дар марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ низ муҳлат муқаррар намудааст.

        Аз ҷумла, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи тибқи шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳодшударо бояд дар мӯҳлати на дертар аз ду моҳи воридшавии он, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе бошад, на дертар аз як моҳи воридшавии он баррасӣ намоянд.

       Барои дар марҳилаи назоратӣ баррасӣ намудани парвандаҳо низ мутансибан чунин муҳлат муқаррар гардида, дар ин марҳила ба раиси суд ё муовини ӯ ҳуқуқ дода шудааст, ки ин муҳлатро то як моҳи дигар дароз намоянд.  

        Таҳлили қонунгузорӣ вобаста ба муқаррар гардидани муҳлатҳои баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки суд бояд ҳуқуқи вайронгардидаро дар муҳлате ҳифз намояд, ки имкониятҳо барои амалӣ намудани ҳуқуқи барқароршуда аз байн наравад ва ҷиҳати иҷрои сандаҳои судӣ мушкилот ба вуҷуд наояд.

       Таҷрибаи судии солҳои қаблӣ нишон дод, ки дар ин самт дар фаъолияти судҳо камбудиҳо ҷой доштанд.

        Вобаста ба ин, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти судии кишвар 5 декабри соли 2024 ба муносибати ифтитоҳи бинои нави Суди Олӣ баён гардида буд, саривақт чораҳои зарурӣ андешида шуд.

        Аз ҷумла, аз ҷониби Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ тасдиқ ва иҷрои он зери назорати доимӣ қарор дода шудааст.

        Чораҳои андешидашуда ва кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти Суди Олӣ барои бартараф намудани камудиҳои ҷойдошта дар самти баррасии саривақтии парвандаҳо натиҷаи мусбӣ дода истодаанд.

         Ҳамзамон тарзу воситаҳои қонунии ҳолатҳое, ки боиси аз байн бурдани кашолкорӣ мегарданд, мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд.

         Дар якҷоягӣ таҳлили таҷрибаи судӣ ва қонунгузории мурофиавии маданӣ нишон медиҳад, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Кодекси мурофиавии мадании Чумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КММ) барои аз байн бурдани кашолкориҳо ва хубтар ба роҳ мондани фаъолияти судҳо дар самти баррасии саривақтии парвандаҳо мусоидат хоҳад кард.

         Чунончӣ, гарчанде муҳлати баррасии парвандаҳо (аз фавран то се моҳ) муқарррар карда, омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ нисбат ба ҳар як парвандаи маданӣ ва оилавӣ ҳатмӣ ҳисобида шуда бошад ҳам, вале КММ барои омодасозии парванда муҳлатро ба таври мушаххас муайян накардааст.

          Дар қисми 1 моддаи 150 КММ зикр гардидааст, ки судя баъди қабули ариза ҷиҳати омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ таъинот қабул мекунад ва амалеро, ки тарафҳо, шахсони дигари иштирокчии парванда бояд анҷом диҳанд, мӯҳлати иҷрои ин амалҳоро барои таъмини баррасии саривақтии парванда ва ҳалли дурусти он зикр менамояд.

          Дар ин ҷо ибораи “баъди қабули ариза” вақти номуайян боқӣ мондааст.

          Дар таҷриба ҳолатҳои зиёде ба назар мерасад, ки баъзе судяҳо бо назардошти вақти барояшон дилхоҳу муносиб оид ба омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ таъинот қабул мекунанд, ки дар аксар маврид чунин таъинотҳо шакли қолабӣ ва хусусияти формалӣ дошта, барои баррасии саривақтии парванда мусоидат карда наметавонад.

          Омӯзиши гуруҳи гуногуни парвандаҳои маданию оилавӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт таҷрибаи якхела ҷой надошта, баъзе судяҳо ҳамон рӯзи ба мурофиаи суд қабул намудани аризаи даъвогӣ ҷиҳати омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ таъинот қабул мекунанд, баъзеи дигар пас аз 30 - 40 рӯзи оғози парванда ба омодасозӣ шуруъ менамоянд.

          Гарчанде дар ин маврид вайронкунии меъёри ҳуқуқи мурофиавӣ ҷой надошта бошад ҳам, аммо чунин тарзи ба роҳ мондани кор барои баррасии саривақтии парванда манфиатовар буда наметавонад. Зеро дар давраи омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ вобаста аз хусусияти баҳс, аз ҷониби судя, тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда бояд амалҳои зиёди мурофиавӣ гузаронида шавад, ки барои онҳо вақти кофӣ лозим аст. (масалан, таъин намудани экспертиза, ирсол кардани супориши судӣ, пешниҳоди даъвои муқобил ва ғайра),

         Аз ин рӯ, ба таври дақиқ муайян намудани вақти оғози омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ва бо мазумни зайл ифода кардани қисми 1 моддаи 150 КММ аз манфиат холӣ нест:

        “Судя баъди қабули аризаи даъвогӣ (ариза) уҳдадор аст дар муддати на дертар аз 7 рӯзи корӣ (бо парвандаҳое, ки муҳлати баррасиашон як моҳ аст на дертар аз 3  рӯзи корӣ) ҷиҳати омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ таъинот қабул намуда, амал ва муҳлатеро, ки тарафҳо, шахсони дигари иштирокчии парванда бояд анҷом диҳанд зикр ва муқаррар намояд.”

         Дар қонунгузорӣ муқаррар кардани чунин муҳлат масъулияти судяҳоро зиёд намуда, барои саривақт баррасӣ намудани парванда ва қонунию асоснок ҳал гардидани он манфиатовар мебошад.

         Инчунин таҷрибаи судӣ ишон медиҳад, ки дар баъзе мавридҳо ҷавобгарон бо сабабу баҳонаҳои беасос (аз ҷумла, гӯё аризаи даъвогӣ ба онҳо супурда нашуда ё саривақт супурда нашуда бошад),  мавқеи худро нисбат ба даъво муайян накарда, бемасъулиятӣ эҳсос намуда, дар охир ҳангоми моҳиятан барраӣ намудани парванда (ҳолатҳое ба назар мерасад, ки ҳатто дар вақти музокираҳои судӣ) аризаи даъвогии муқобили даъво ё дигар дархостҳоеро пешниҳод менамоянд, ки метавонистанд онҳоро бе ягон мушкилӣ пас аз гирифтани нусхаи аризаи даъвогӣ (ариза), дар давраи омодасозии парванда пешниҳод намоянд.

         Яке аз сабабҳои чунин муносибат дар он аст, ки қонунгузории мурофиавӣ бевосита барои иҷрои амалҳои муайяни ҷавобгар дар давраи омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ муҳлат муқаррар накардааст.

          Аз ин рӯ, дар қонунгузории мурофиавӣ барои аз ҷониби судя ба ҷавобгар супурдани аризаи даъвогӣ (ариза) ва аз тарафи ҷавобгар ба таври хаттӣ ба суд пешниҳод намудани мавқеаш нисбат ба даъвои (аризаи) пешниҳодшуда (эътирофи даъво, изҳори норозигӣ, пешниҳоди аризаи даъвогии муқобили даъво ва ғайра) муқаррар намудани муҳлат ҷиҳати  баррасии дуруст ва саривақтии парвандаҳо натиҷаи хуб медиҳад. 

          Дар сурати муқаррар намудани муҳлат, ки он дар ҳеҷ маврид ҳуқуқи ягон шахс ба ҳифзи судиро халалдор намесозад, ҳама, аз ҷумла, судя, худи ҷавобгар, тарафҳо ва шахсони иштирокчии парванда масъулиятро бештар эҳсос хоҳанд кард.

          Ҳамзамон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои зерин низ ба манфиати кор мебошад:

          Ба моддаи 150 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

         “ Судя уҳдадор аст ба ҷавобгар (шахси манфиатдор) нусхаи аризаи даъвогӣ (ариза) ва ҳуҷҷатҳои замимагардидаро, ки талаботи даъвогарро асоснок мекунанд, дар мӯҳлати на дертар аз 5 рӯзи корӣ (бо парвандаҳое, ки муҳлати баррасиашон як моҳ аст на дертар аз 3  рӯзи корӣ) супорад ва ё бо воситаҳои дигари  алоқа, ки ҳолати дастрас шудани онро тасдиқ карда метавонад, исрол намояд.”

             Қисми 2 моддаи 152 ба мазумни зайл ифода карда шавад:          

          “Ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ҷавобгар ё намояндаи ӯ уҳдадор аст дар муддати на дертар аз 10 рузи корӣ (бо парвандаҳое, ки муҳлати баррасиашон як моҳ аст (5 рузи корӣ) аз рӯзи гирифтани (дастрас шудани) аризаи даъвогӣ (ариза) мавқеи худро нисбат ба он муайян намуда, (эътирофи даъво, изҳори норозигӣ, аризаи даъвогии муқобили даъво) ба суд ба таври дахлдор  пешниҳод намояд.    

        -  дар сурате, ки мустақилона, бе кӯмаки суд наметавонад далелҳоро ба даст оварад, дар хусуси талаб карда гирифтани онҳо дар муддати на дертар аз 3 рӯзи корӣ аз вақти рад кардани додани далелҳо ба суд дархост пешниҳод намояд.

      -  ба даъвогар вобаста ба даъво мавқеи худро муайян карда, (нусхаи эътирофи даъво, изҳори норозигӣ, аризаи даъвогии муқобили даъво) ва далелҳоеро онҳоро  асоснок мекунанд, супорад.”

          Моддаи 140 дар таҳрири зериин ифода карда шавад:

         “Агар ҷавобгар нисбат ба даъвогар аризаи даъвогии муқобили даъво пешниҳод карданӣ бошад, уҳдадор аст дар муддати на дертар аз 10 рузи корӣ (бо парвандаҳое, ки муҳлати баррасиашон як моҳ аст 5 рузи корӣ) аз рӯзи гирифтани аризаи даъвогӣ (ариза) пешниҳод намояд, ки он якҷоя бо аризаи даъвогии ибтидоӣ баррасӣ карда мешавад. Пешниҳоди аризаи даъвогии муқобили даъво тибқи қоидаҳои умумии пешниҳоди аризаи даъвогӣ сурат мегирад.”

          Гузоштани уҳдададорӣ ба зиммаи судя, тараф, ба хусус ҷавобгар ҷиҳати дар муҳлати муқарракардаи қонун иҷро намудани амалҳои мурофиавӣ дар ягон маврид барои амалӣ намудани адолати судӣ мушкилӣ эҷод нахоҳад кард.    

           Чунин тартиб боиси саривақт ва дуруст ҳал гардидани парвандаҳои маднию оилавӣ гардида, эътимоду боварии мардумро ба ҳокимияти судӣ меафзояд.

      

                  Судяи Суди Олӣ                                                          Қамарзода Р.


Бозгашт ба рӯйхат