Рӯзҳои 30 сентябр - 1 октябри соли равон дар осоишгоҳи Сароб барои судяҳо тренинги омузиши дар мавзуи “Баробарӣ ва ҳифз аз ҳама гуна шаклҳои табъиз” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади амалигардонии Нақшаҳои миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи табъизи нажодӣ барои солҳои 2024-2027 ва барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2025-2032 равона гардидааст.
Зимни баргузории тренинг судяҳо оид ба масъалаҳои стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, намудҳои табъиз ва аҳамияти фарқгузорӣ, механизмҳои ҳимоя аз ҳама гуна шаклҳои табъиз ва ғайраҳоро мавриди омузиш қарор доданд.
Ба сифати тренерон судяҳои Суди Олӣ Аланазарзода Ш. ва Пӯлоди М.К. баромад намуда нуктаҳои асосии қонунгузории миллӣ ва дигар паҳлуҳои табъизро табодули таҷриба намуданд.



.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
