“Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.”
Эмомалӣ Раҳмон
Забон рамзи худшиносиву худогоҳӣ ва муттаҳидгардонии миллат ба ҳисоб рафта, аз оғози пайдоиши таърихи башарият арзи ҳастӣ намудааст. Муҳимияти он таҷассумгари тамаддун, фарҳанг, маданият ва мавҷудияти инсонӣ буда, мавқеи сиёсии давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Шаҳодати ин гуфтаҳо, давлатдории тоҷикон дар арсаи таърих маҳсуб ёфта, дар мисоли давлати Сомониён дида мешавад.
Таҳлили ҳукмронии ин давлати абарқудрат нишон медиҳад, ки забон ҳамчун рукни давлатдорӣ ва воситаи асосии фаъолияти он арзёбӣ гардида, тавассути асарҳои назмиву насрии мутаффакирон то ба имрӯз маҳфуз нигоҳ дошта шудааст.
Бояд тазаккур намуд, ки забон дар ҷамъият мавқеи назаррас дошта, ҳамчун воситаи муошират, инъикоскунандаи таърих ва фарҳанг, муаррифгари мероси гузаштагон, рамзи ягонагӣ ва худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад. Мусаллам аст, ки забон, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ бидуни пуштибонии сиёсӣ, имкони такомул надорад. Бо назардошти ин, 22 июли соли 1989 забони тоҷикӣ мақоми давлатиро касб карда, пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ мавқеи худро гум кард.
Дар ин замина, баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсия, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ эътироф гардид. Дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастуру роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 2009 бо мақсади аз нав барқарор намудани мавқеи давлатӣ ва густариш додани фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шуд. Ин санади ҳуқуқӣ барои рушди минбадаи забони тоҷикӣ, ҳамчун забони расмии давалатдорӣ ва воситаи табодули афкори ҷамъият дар замони соҳибистиқлолӣ нақши бориз гузошта, қадами устуворе ба сӯйи созандагӣ ва тақвияти фарҳанги ғановатманди халқи тоҷик мебошад.
Дар ин радиф, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини иҷрои пурраю ҳамаҷонибаи меъёрҳои Қонуни мазкур ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими забони давлатӣ, соли 2009 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки фаъолияти он пайдарпай баҳри тақвият додани мавқеи забони давлатӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ назаррас мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки забони тоҷикӣ дар баробари воситаи муоширати мардуми тоҷикзабон, ҳамчунин забони қонунгузорӣ, коргузорӣ ва фаъолияти илмиву адабӣ эътироф гардидааст. Далолати он, муқаррароти моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” мебошад, ки мувофиқи он қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ бо забони давлатӣ таҳия ва қабул мегарданд.
Лозим ба тазаккур аст, ки фаъолияти коргузорӣ дар низоми судии кишвар низ пурра бо забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, тибқи муқаррароти моддаи 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Мурофиа бо забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад”, ки ин бартарияти забонро дар ҳокимияти судӣ нишон медиҳад. Зеро лаҳҷаҳо ва алфози маҳаллӣ низ қисми таркибии забони тоҷикӣ буда, дар минтақаҳои гуногуни кишвар мавқеи махсуси худро доранд.
Гузашта аз ин, санадҳои судӣ аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо бо назардошти риояи фарҳанги дурусти имлои забони тоҷикӣ таҳия карда мешаванд.
Ҳамзамон, бояд иброз намоем, ки имрӯз забони тоҷикӣ дар сатҳи байналмилалӣ низ мавқеи намоёнро пайдо намуда, ташаббусҳои беназири Сарвари давлат бо забони давлатӣ оид ба обу иқлим, таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, зеҳни сунъӣ ва маърифати ҳуқуқӣ аз минбари баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ шаҳодати ин гуфтаҳо мебошад.
Мутобиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 5 октябр дар саросари кишвар “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил мегардад. Таҷлили ин ҷашн гувоҳи соҳибдавлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва тамаддуни бою ғании фарҳанги тоҷиконро инъикос менамояд.
Гиромидошти забони тоҷикӣ ва рушду такомули он аз муҳимтарин вазифа ва масъулияти миллию иҷтимоии ҳар як соҳибзабон маҳсуб ёфта, мо ҷавононро вазифадор менамояд, ки бо шукургузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва осудагии кишвар, баҳри мустаҳкам намудани забони давлатӣ ҳамчун пояи устувори кишвар, содиқона ба Ватан ва миллати худ хизмат намоем. Кушиш ба харҷ диҳем, ки дар ҷамъият аз пастсуханиву соддабаёнӣ ва дағалгуфторӣ дурӣ ҷуста, забони худро поку беолоиш нигоҳ дорем. Маданияти суханварӣ ва ҳусни гуфторро риоя намуда, баҳри пешгирии олудашавии забони ноби тоҷикӣ бо алфози бегона чораҳои зарурӣ андешем. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ мустаҳкам нигоҳ доштани забон, ки ҷузъе аз фарҳанги миллии мо мебошад, айни муддаост.
Мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои
махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳноз Содиқзода
Нозир-референти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суруш Шарифзода
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
