Имрӯз, 1 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор шуд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис аъзои Маҷлиси миллӣ дар асоси пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ Каримзода Карим Мазиё бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Сайдалӣ Сабзалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ, Абдураҳимзода Дилором Рустам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оймаҳмадзода Маҳмадҷон ва Ваҳобзода Шаҳло Ҳотам бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷуразода Насиба Ёрмад, Пӯлодӣ Мавҷуда Комил ва Хушмаҳмадзода Алифмо бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон ва Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабзода Парвина Шариф бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуданд.

Ҳамчунин, бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ Абдураҳимзода Дилором Рустам муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабзода Ҳотам Назар муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ, Раҳмонзода Сайдалӣ Сабзалӣ муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон, Азизӣ Ҷалолиддин Азизхоҷа, Мирзозода Манучеҳр Ҳасан ва Баротзода Ҳусейн Наҷот судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Раҷабзода Парвина Шариф судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.
Дар идомаи иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 баррасӣ карда, қарори дахлдор қабул намуданд.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
