Имрӯз, 1 октябри соли 2025, дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба масъалаҳои таъиноти кадрӣ баргузор гардид.
Қайд гарид, ки бо қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин рӯз Раҷабзода Ҳотам Назар ба вазифаи муовини раиси Суди Олӣ – раиси Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ, Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон, Азизӣ Ҷалолиддин Азизхоҷа, Мирзозода Манучеҳр Ҳасан ва Баротзода Ҳусейн Наҷот ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Дар ҷараёни маҷлис Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Р.П. ба як қатор кормандони соҳа барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар пешбурди адолати судӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд. Аз ҷумла, ба судяҳо Раҳмонзода С.С., Ҷуразода Н. Ё., Пӯлодӣ М. К. ва Хушмаҳмадзода А. барои хизматҳои шоиста ва фаъолияташон дар рушди фаъолияти судӣ арзи сипос намуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Маҷлиси тантанавӣ бо фазои корсозӣ ва рӯҳияи баланд анҷом ёфт.





.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
