Забони давлатӣ - нишони давлатдории миллат аст.

 Забон яке аз муҳимитарин навъҳои иртибот ва фарҳангест ба инсон имконият медиҳад, бо ҳам муошират намояд, фикру ақида, ҳиссиёту эҳсосоти худро баён кунад.

        Ҳанӯз аз рӯзи офариниши инсон забон ҳамчун воситаи муошират арзи ҳастӣ пайдо карда, бо гузашти вақт ташаккул ёфта, ба гурӯҳҳо тақсим шудааст.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки “Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад. Тавассути забон одамон бо ҳамдигар муошират карда, аз ҳоли ҳамдигар хабардор мешаванд ва таассуроташонро баён менамоянд. Ҳангоми гуфтугӯ ва баёни фикр асолати забон боз ҳам равшантар зоҳир гардида, рукни тавонманд ва сарнавиштсоз будани он ошкор мешавад. Забон инчунин падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар як шахс ҳувияти хешро мешиносад, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавиашро қавӣ мегардонад. Илова бар ин, забон яке аз унсурҳои таконбахши таъриху фарҳанг ба шумор рафта, дар он анъана ва суннатҳои халқ ифода меёбад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо аҷри бештар мегузорад.”

         Аз ҷумлаи забонҳо - забони тоҷикӣ, яке аз забонҳои қадимтарини дунё бо таърихи ҳазорсолаҳо мебошад, ки дар давраҳо ва давлатдориҳои гуногун ҳамчун забони адабӣ ва расмӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

         Ба хусус дар давраи Сомониён ва минбаъд забони тоҷикӣ ба забони адабӣ ва коргузорӣ табдил ёфта, фарогири манотиқи гуногун гардида буд.

         Дар тули таърих новобаста аз таъсирҳои сиёсӣ ва фарҳангҳои гуногун, забони тоҷикӣ дар мавқеи муайян пойдор боқӣ монд.         

         Асарҳои безаволи бо забони тоҷикӣ офаридаи суханварони маъруфи тоҷик мартабаву мазаллати ин забонро дар ҷаҳон баланд бардоштаанд.

        Пойдории забони тоҷикӣ кори мушкил ва пурзаҳмат буда, барои он шахсиятҳо ва мардуми тоҷик бо талошу кӯшишҳои пайваста хизмат кардаанд.

         Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳояш мустақиман амал мекунад, забони тоҷикӣ забони давлатӣ эътироф гардид.

        Бо меъёрҳои конститутсионӣ забони давлатӣ эътироф кардани забони тоҷикӣ - асоситарин ва пурқуваттарин тарзи ҳифзу ҳимояи ин забон буда, дорои аҳамияти муҳими сиёсиву таърихӣ мебошад.

          Қобили қайд аст, ки чунин тарзи ҳимояи забони тоҷикӣ, ки боиси рушди минбаъдаи он гардид, бо ташаббусу талошҳои бевоситаи Пешвои миллат ба роҳ монда шудааст.

         Худ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ, дар тамоми сатҳи давлатдорӣ роҳандозӣ намудани коргузорӣ бо ин забон, дар маҷлисҳову ҷамъомадҳов ва вохуриҳои сатҳи ҷаҳонӣ бо забони ноби тоҷикӣ сухан кардан аз нақши бузурги Сарвари давлат дар ҳифзу ҳимоя ва рушди забони тоҷикӣ шаҳодат медиҳад.

          Китоби “Забони миллат - ҳастии миллат”, ки бо забони содаву фасеҳ таҳия ва барои доираи васеи дӯстдорони забони ноби тоҷикӣ, таърих ва адабу фарҳанг пешбинӣ гардидааст, нақши арзанда доштани Пешвои миллатро дар ҳифзу нигоҳдошт ва ба наслҳои ҳазорсолаи минбаъда таълим додани таъриху забони тоҷикӣ таҷассум менамояд.

          Муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар Сарсухани ин китоби худ муносибати хешро нисбат ба забони давлатӣ бо муҳаббати бепоён баён кардаанд, ки “Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандустӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззати маъънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям. Ба ин хотир доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар як суханрониям бузургию тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош мекунам”.

          Воқеияту ҳақиқати ин гуфтаҳо пайваста амалӣ мегарданд.

           Бо мақсади боз ҳам мустаҳкам нигоҳ доштани мавқеи забони тоҷикӣ рӯзи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки он ба Конститутсия асос ёфтааст.

          Қонуни мазкур истифодаи забони давлатиро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, ба зиммаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон донистани забони давлатиро вогузор намудааст.

         Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадор гардидаанд, ки барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд.

          Забони коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии мамлакат низ забони давлатӣ майян шудааст.

          Қонуни мазкур инчунин муқаррар намудааст, ки дар мамлкат санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони давлатӣ таҳия ва қабул карда шаванд.

          Чунин тарзи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имконият медиҳад, ки ҳар як сокини мамлакат санади лозимиашро мутолиа намуда, аз талабот ва муқаррароти дар онҳо пешбинигардида бевосита ва бе мушкилӣ огаҳӣ ёбад.

          Бояд қайд намуд, ки барои рушд ва ҳифзи забон зарур аст, ки он ҳанӯз аз овони хурдсолӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

         Вобаста ба ин бо қонуни болозикр забони таҳсил ва илм забони давлатӣ муайян ва муқаррар карда шудааст, ки дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ таъмин карда мешавад.

         Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, омӯзиши забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад.

          Ҳамчунин забони гуфтушунидҳо ва мукотибот бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба забони давлатӣ ва забонҳои расмии онҳо, забони фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ ба забони давлатӣ, забонҳои расмии кишварҳои қарордошта ва созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ сурат гирифта, забони шартномаҳои байналмилалии дуҷониба ба забонҳои давлатии тарафҳои аҳдкунанда ва шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба ба забонҳое, ки тарафҳо муайян кардаанд, ба имзо мерасанд.

        Инчунин забони пазироӣ, гуфтушунид ва нишастҳои матбуотӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва забони пазируфтаи тарафҳо сурат мегирад.

         Чунин муқарраротҳои қонун ба баланд гардидани мавқеъи забони тоҷикӣ равона карда шуда, воқеан ҳастии миллатро ифода намуда, яке аз ганҷинаҳои пурқимати фарҳанги миллӣ, рукни муҳими худшиносии миллӣ ва ҳувияти таърихии тоҷикон будани онро инъикос менамояд.

         Дар робита ба ин, бояд қайд намуд, ки баҳри гиромидошти забони давлатӣ тибқи қонун ҳамасола 5 октябр ҳамчун рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

         Он рамзи ваҳдат, истиқлолият, худшиносӣ ва ягонагии миллат буда, бояд забони тоҷикӣ ҳамеша поку гиромӣ нигоҳ дошта шавад ва ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба он эҳтироми беандоза дошта бошад.

      Аз ҷумла, ҳокимияти судӣ вазифадор аст, ки зимни ба амалбарории адолати судӣ ва иҷрои муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид баргузории мурофиа бо забони давлатӣ, забони тоҷикиро бо ҳама таровату зебогӣ ва пурмазмуниаш дуруст истифода намояд. Зеро дар шароити ҷаҳони имрӯза бо назардошти пешрафти илму техника ҳар як навиштаҷот, ҳар як сухан ва ҳар як амалу ҳодиса дар як лаҳза тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо истифодаи интернет дар ҷаҳон паҳн мегардад. Тавассути он тарғиби забони давлатӣ метавонад ба дилҳои хонандагону шунавандагон ва бинандагони гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон меҳру муҳабат ва шавқи омӯзиши ин забонро, ки бо он асарҳои оламгир офарида шудаанд, зиёд намояд. Зеро воқеан забони тоҷикӣ -забони илм, дониш, маърифат, ахлоқу одоб, меҳру муҳаббат, садоқат ва сулҳу ваҳдат аст.

                Судяи Суди Олӣ:                                        Қамарзода Р.

 


Бозгашт ба рӯйхат