ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 3 октябри соли 2025 таҳти раёсати Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П. дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати Суди Олӣ ва кормандони дастгоҳи он ҳамоиши идона бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси Суди Олӣ дар баромади хеш таъкид намуд, ки дар кишварамон тибқи Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола рӯзи 5 октябр ҳамчун “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ботантана ҷашн гирифта мешавад. Афзуданд, ки забон ҳамчун нишонаи ҳастии миллат, дарбаргирандаи суннатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқ ва аз ҳама муҳим унсури муҳимтарини шинохту муаррифгари давлат ба ҳисоб меравад.

SAVE_20251003_171334.jpg

Дар маҷлиси тантанавӣ маърӯзачиён дар мавзӯъҳои «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду инкишофи забони давлатӣ», «Рушди забони давлатӣ дар даврони истиқлолият», ва «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду такомули забони давлатӣ» баромад намуданд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки забони давлатӣ рукни асосии соҳибихтиёрии давлат мебошад, зеро эътирофу шинохти давлат аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи байналхалқӣ маҳз аз ин падида сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз дар шароити ҷаҳонишавӣ софу бегазанд ва беолоишу устувор нигоҳ доштани забони давлатӣ, ки заминаи муҳим ва асосӣ дар устувории пояҳои истиқлоли миллӣ ба ҳисоб меравад, вазифаи ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон мебошад.

SAVE_20251003_171417.jpg

Забони тоҷикӣ инъикоси ёдгории маънавии миллӣ, оинаи таърихи деринаи халқи тоҷик, урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мост.

Забони тоҷикӣ ҳамчун таҳкурсии адабиву фарҳангии тамоми сокинони Тоҷикистон василаи ягонаи муколама миёни қишрҳои ҷомеа аст. Рушду такомули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад, зеро истиқлоли забонӣ пояи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ маҳсуб мешавад.

Оғоз аз сардафтари адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабии хешро бо ин забони шево эҷод намуда, дар муаррифӣ намудани миллати тоҷик саҳми бузург гузоштаанд.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин карда, мақоми забони тоҷикиро дар арсаи байналмилалӣ боло бардошта, аз минбари Созмони милали муттаҳид бо забони ноби тоҷикӣ аз сулҳу амнияти миллату кишварҳо ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон сухан менамоянд.

SAVE_20251003_171354.jpg

Имрӯз забони давлатӣ дар ҳудуди кишвари мо ба сифати омили муҳимтарини баҳамоии миллат ва халқиятҳо хизмат намуда истодааст.

Дар замони Истиқлолият тағйир додани ақидаи ҷомеа нисбат ба арзишҳои забонӣ, пас аз ҳафтод соли дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ будан, нишон додани қудрату имконоти воқеии забони тоҷикӣ дар робитаҳои дохиливу хориҷии таърихи давлатдории муосири тоҷикон аз ҷумлаи хидматҳои азими Сарвари давлат ба ҳисоб меравад.

Дар фароварди маҷлиси тантанавӣ Раиси Суди Олӣ Мирзозода Рустам иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Ҷашни бузург – Рӯзи забони давлатӣ шодбош намуда, ҳамеша пойдор будани забони давлатиро дар сатҳи давлати миллӣ таманно намуданд.

 


Бозгашт ба рӯйхат