3 октябри соли 2025 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Р.П., бо мақсади таҳкими адолати судӣ, шиносоӣ бо фаъолияти амалии судҳо ва арзёбии сатҳи корҳои таъмирӣ ба бинои навтаъмиршудаи Суди ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Раиси Суди Олӣ аз иҷрои босифати корҳои таъмирӣ ва муҳайё гардидани шароити зарурии корӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки фароҳам овардани инфрасохтори муносиб барои фаъолияти судҳо қадами муҳим дар таҳкими нуфузи суд, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии ҳуқуқӣ ва ҷалби бештари эътимоди ҷомеа ба низоми судӣ мебошад.







.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
