8 октябри соли 2025 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Танзими муфлисшавӣ: тамоюлҳо ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони судҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Назарзода А.С. — судяи Суди вилояти Хатлон, Назариён А.Н. — раиси Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ва Назарзода А.А. — судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе намояндагӣ карданд.
Дар ҷараёни конфронс масоили марбут ба танзими ҳуқуқии муфлисшавӣ, таҷрибаи судии кишварҳои ИДМ ва дурнамои ҳамкории судҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
