Баргузории конференсияи байналмиллилии илми амалӣ дар Суди Олӣ

Имрӯз як қатор судяҳои Суди Олӣ Мирзозода Манучеҳр Ҳасан, Баротзода Ҳусейн, Мирзозода Мавлуда, директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Солеҳ Амин ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, Қадамов Икром, Абдуллозода Фируза, Ҷаборов Далер ва Давлатзода Азамҷон дар кори конференсияи байналмиллилии илми амалӣ, ки аз ҷониби Донишгоҳи давлатии адолати судии Руссия ба номи В.М. Лебедев гузаронида шуд, ба тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.

IMG-20251009-WA0059.jpg IMG-20251009-WA0073.jpg

Мавзуи конференсияи мазкурро "Ташаккули қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва таҷрибаи судӣ дар замони муосир" ташкил медод. Маърӯзачиён атрофи масъалаҳо, роҳҳо ва дурнамои ташаккули қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва табодули таҷрибаи судӣ дар ин самт муҳокимаронӣ намуданд.

Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Солеҳ Амин ба музокира баромада, дуруду паёми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмадро ба ректори Донишгоҳи давлатии адолати судии Руссия ба номи В.М. Лебедев, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Кулаков Владимир Викторович ва ташкилкунандагони чорабинии мазкур расонида васеъ будани мавзуъҳои барномаҳо ва барои назария ва амалияи судӣ муҳим будани чунин табодули таҷрибаро қайд намуд.


Бозгашт ба рӯйхат