БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА МЕШАВАД

Рушди забони давлатӣ дар даврони истиқлолият ва нақши меҳварии Пешвои миллат дар густариши он

Ҳар сол 5 октябр дар Тоҷикистони азизамон Рӯзи забони давлатӣ бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯз, 5 октябри соли 2009 Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари соҳибистиқлол забони тоҷикиро забони ягонаи давлатии худ эълон доштааст. Аз ин рӯ, дар моддаи 2 Конститутсия муқаррар шудааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».
Маҳз дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар кардани мақоми забони давлатӣ нишонаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии беш аз чанд ҳазорсолаи халқи тоҷик мебошад.
Боиси зикри хос аст, ки Истиқлоли давлатӣ дар посдории забони давлатӣ нақши муҳим дорад. Он забони модариро ба шоҳроҳи инкишоф бароварда, имконият фароҳам овард, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Ин чунин маъно дошт, ки дар кишварамон тамоми фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, моддӣ ва маънавию маърифатӣ ба забони тоҷикӣ сурат гирад.
Бояд аз мадди назар дур насозем, ки забон дар ҳамаи давру замонҳо як рукни давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, нисбат ба забон ҳадафҳои сиёсӣ муайян мегардид.
Дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо арзишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ аён мегарданд. Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат ҳанӯз 21 июли соли 2009 зикр намуда буданд, ки «забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб мешавад».
Дар баробари ин, боиси ифтихормандист ки бо забони тоҷикӣ ҳазорон бузургмардону нобиғаҳо, аз ҷумла Рӯдакиву Фирдавсӣ, Шайх Аттору Ҳаким Саноӣ, Анварию Хоқонӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар дурри макнуни сухан суфта, осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд, ки мо, ворисон онро бо осонӣ ва бе луғат мехонему мефаҳмем.
Таърихи ҳазорсолаи пурпечутоби халқи тоҷик гувоҳ аст, ки дар даврони ташаккули худ забони тоҷикӣ бисёр марҳилаҳои тӯлонӣ ва мураккабу пурпечутобро тай карда, санҷишҳои сахту сангини таърихро паси сар намуда, имрӯз низ дар даврони истиқлолият ва бунёди давлати миллӣ рисолати худро ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ идома дода истодааст.
Дар ин маврид, Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки «дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмоли умум берун мондаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд».
Маълум аст, ки шуур ва тафаккури инсон тавассути забон шакл ва вусъат мегирад. Ба ибораи дигар, забон аломатҳои зоҳирӣ, ҷиҳати моддии шуур ва тафаккур ба шумор меравад.
Дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосӣ тарбияи насли ҷавон мебошад, ки дар баробари хуб донистани забони модарии худ бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир бояд ҳадди ақал ду-се забони хориҷиро донад. Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки «дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем». Зеро, чунон ки бузургон таъкид мекунанд, забони худро надониста, аз бар намудани забонҳои дигар имкон надорад.
Пешвои муаззами миллат дар робита ба гиромидошти забони модарӣ таъкид намуданд, ки «мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем». Дар ҳақиқат, дар забони модарӣ ҳамчун дар оинаи пурҷило симои миллат ва тамоми дастовардҳои маънавии он инъикос мегардад ва аз ин рӯ, дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва пок нигоҳ доштани он зарур мебошад.
Дар пасманзари гуфтаҳои Пешвои миллат таъкид намуданием, ки забони мо сарвати мо ва бойигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад, гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ вазифаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи чунин шахсиятҳои бузурги давлатию таърихӣ мебошанд, ки дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ дар рушду тараққӣ кардани забон дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми бузург гузоштаанд.
Забон ба унвони падидаи фарҳанги миллӣ аз замони пайдоиш барои нигаҳдории таърих, арзишҳои маънавии миллат, анъана ва суннатҳои мардумӣ хизмат карда, ҳамчун муҳимтарин унсури бақои миллат худро муаррифӣ намудааст. Тавассути забон дар ҳофизаи хаттии миллатҳо маҷмӯи тафаккур ва андешаи мардум ҳамчун мероси маънавӣ аз наслҳои гузашта то имрӯз нигаҳдорӣ гардидааст, ки барои таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ мусоидат мекунад.
Дар ҳамин радиф Пешвои миллат чунин зикр менамоянд, ки «мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳарчи бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва ғояи миллии ҳар халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад».
Албатта, дар замони Истиқлоли давлатӣ бо кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд. Бо дарки муҳимтарин ва умдатарин масъала, яъне хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатофарии забон Роҳбари давлат онро ҳамчун рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф намуданд, ки аз азамату ҷалол ва иқтидору нерую тавоноии забони тоҷикӣ сарчашма мегирад.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати мардуми дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд.
Ҳамзамон, чунонки Пешвои миллат таъкид мекунанд, ҳар шаҳрванди кишвар барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ кӯшиш карда, падару модарон бояд ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки Пешвои муаззами миллат пуштибону ҳомии забони тоҷикӣ мебошанд ва ба забон ҳамчун рукни асосии бинои ҳастии миллат ва устувориву будубоши давлат ба ҳайси муқаддасоти миллат арҷ мегузоранд.
Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд.
Ин Қонун ба рушди забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон нигаронида шуда, вазифаҳои давлат ва ҷомеаро муайян месозад. Истифодаи васеи забони давлатӣ дар соҳаи технология, компютеркунонӣ, интернет, такмили таълими забони давлатӣ дар гурӯҳҳои тоҷикию ғайритоҷикии мактабҳои миёнаву олӣ, тарбияи ифтихори миллӣ аз забони модарӣ, баланд бардоштани фарҳанги суханварӣ, таҳқиқи ҳамаҷонибаи қоидаву қонунҳои забони давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим маҳсуб мешаванд.
Аз ин ҷост, ки барои татбиқи қонуни нав аз мақомоти давлатӣ сар карда, то муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд ва дар марҳилаи иҷро қарор доранд.
Дар робита ба ин, 30 июни соли 2021 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ба тасвиб расид, ки имрӯз мавриди амал қарор дорад.
Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон ба яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати забонии давлату Ҳукумат, эҳё ва ба танзим даровардани номҳои миллӣ ва қадимаи тоҷикӣ, истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ, номгузории мавзеъҳои ҷуғрофӣ, таърихӣ, маҳаллу деҳот ва шаҳру ноҳияҳо низ, ки бояд бо такя ба суннатҳои гузаштаи ниёгон амалӣ карда шавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Аз нав эҳё гардидани номҳои асили миллӣ, таърихӣ ва қадимии Суғд, Хатлон, Бохтар, Истаравшан, Рашт, Сайҳуну Ҷайҳун на танҳо ба гузаштаи пурифтихори мо ишора мекунад, балки ҷиҳати эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ташаккули худогоҳиву худшиносии миллии мардуми мо нақши муассир мегузоранд.
Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бевосита бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду марҳила ҳуҷҷатҳои барномавӣ ҷиҳати ташаккул ва рушди забони давлатӣ қабул карда шуданд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 тасдиқ гардиданд.
Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон қабул гардида, дар рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ нақши муҳим дошта, бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.
Барномаи мазкур барои ташаккули худшиносӣ, худогоҳии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва рушди ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа таҳия шудааст.
Ҷавҳари сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамонро дар самти сиёсати давлатӣ оид ба забон, эътирофи забони давлатӣ ҳамчун омили муҳимтарини ҳастии давлат ва миллат, густариши истифодаи забони давлатӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиши забони адабӣ, инчунин ҷараёни мукаммалу муназзами риояи қоидаҳои он ба сифати арзиши олии давлатӣ ташкил додааст.
Аввалин маротиба дар таърихи давлатдории мо забони тоҷикӣ яке аз муқаддасоти давлат дониста шуд, ки нишони аҳаммияти махсуси давлатӣ нисбат ба забони модарист.
Дар ин замина, муҳиммияти муқаддасоти мазкур, қабл аз ҳама, дар асарҳои калидӣ ва оламшумули Пешвои миллат инъикоси худро ёфтаанд. Яъне китобҳои Роҳбари давлат худ таҷассумгар ва таҳкимбахши заминаҳои таърихӣ ва рушди забони тоҷикӣ мебошанд.
Боиси тазаккур аст, ки Пешвои муаззами миллат дар таълифоти илмию таҳқиқотиашон муҳимтарин масъалаҳои миллат ва забонро мавриди баррасӣ қарор дода, иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳимми миллатсоз ва давлатсозро пайваста таъкид месозанд.
Аз ҷумла, асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён» (2002), «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён» (2002), «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориён то Сомониён» (2006), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» (2006), суханрониҳояшон дар чорабиниҳои гуногун оид ба сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доранд.
Дар ин росто, махсусан асари дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат», ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз дар бар гирифтааст, бори дигар собит сохт, ки Пешвои муаззами миллат нисбат ба тақдири забони давлатӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, оид ба рушду такомули минбаъдаи он пайваста андешаронӣ мекунанд.
Аз ин рӯ, дар марҳилаи сифатан нави давлатдории мо — тоҷикон, таълиф ёфтани асари гаронбаҳои «Забони миллат – ҳастии миллат» аз як ҷиҳат барои муаррифии забони мо – нишони ҳастии мо хизмати бузургро ба анҷом расонида бошад, аз ҷониби дигар арҷгузорӣ ба забони миллат, ҳалли якчанд масъалаҳои баҳсталаби забоншиносии тоҷик ва бозгӯи қудрату манзалат, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ аз гузашта то ба имрӯз аст.
Нақши Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ беназир буда, маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид.
Дар интиҳо, роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳуриро бо Рӯзи Забони давлатӣ самимона табрик намуда, саломатӣ, сарбаландӣ ва ба корҳои муҳимми давлатӣ ҷиҳати ба амалбарории адолати судӣ бурдборӣ орзумандам.

Додозода Абдуманон Махсуд
Сардори Раёсати ташкили кори судҳои
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Мушовири давлатии дараҷаи 2,
Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ


Бозгашт ба рӯйхат