ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ

Рӯзҳои 14, 15 ва 16-уми октябри соли 2025 намояндагони ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Суди Олӣ, муҳтарам Мирзозода Р.П., раиси суди ноҳияи Ёвон Камолзода С.И. ва раиси суди шаҳри Конибодом Ҷабборзода Ф.С. дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ​дар форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд. Мақсади асосии сафар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти моликияти зеҳнӣ ва табодули таҷриба бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иборат буда, дар ин росто, вохӯрии дуҷонибаи муҳим бо муовини директори генералии Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) муҳтарам Марко Алеман бо Раиси Суди Олӣ сурат гирифт.
​Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳалли баҳсҳои судӣ оид ба моликияти зеҳнӣ, зарурати такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани савияи дониши судяҳоро дар ин самт баррасӣ намуданд. Сафар ва мулоқоти баргузоргардида барои рушди минбаъдаи ҳифзи ҳуқуқҳои зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.


WhatsApp Image 2025-10-15 at 14.22.28 (1).jpeg WhatsApp Image 2025-10-15 at 14.23.49.jpeg









WhatsApp Image 2025-10-15 at 14.23.48.jpeg  WhatsApp Image 2025-10-15 at 14.23.37.jpeg











WhatsApp Image 2025-10-15 at 14.23.48 (1).jpeg  WhatsApp Image 2025-10-15 at 14.22.40.jpeg










WhatsApp Image 2025-10-15 at 14.22.41.jpeg

  photo_5440615651904453603_y.jpg 









photo_5440615651904453604_x.jpg  photo_5440615651904453605_y.jpg


Бозгашт ба рӯйхат