ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ҲОКИМИЯТИ СУДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУКОЛАМАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН БО ИТТИҲОДИ АВРУПО

Рӯзи 17-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия даври 15-уми муколамаи ҳуқуқи инсон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳайати он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шомил буданд, ба таври ҳузурӣ иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки намояндагони ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар дар кори чорабинии мазкур ба таври маҷозӣ (онлайн) ширкат варзиданд.

Дар рафти муколама ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами марбут ба ҳуқуқи инсонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, мавзӯъҳои таҳаввулот дар вазъи ҳуқуқи инсон, озодии баён, аз ҷумла озодии воситаҳои ахбори омма, озодии иттиҳодияҳо ва иштироки сиёсӣ, маҷлисҳои осоишта ва озодии дин ё эътиқод, ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ, мубориза бо шиканҷа, нопадидшавии маҷбурӣ ва муносибати бераҳмона, мубориза бо табъиз, аз ҷумла ҳуқуқи занон ва зӯроварӣ нисбати занон ва ғайраҳо мавриди муколама қарор дода шуданд.


1710.jpg  17101.jpg









Бозгашт ба рӯйхат