Субҳи 20 октябри соли ҷорӣ, Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., Раиси Коммиссияи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ хонум доктор Ҳала бинти Мазид Ал-Тувайҷириро ба ҳузур парзируфт.
Инчунин, зимни мулоқот сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валид ибни Абдураҳмон Алрешайдан, ҳайати коммиссияи ҳуқуқи инсон ва Суди Олӣ ширкат варзиданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушду густариши ҳамкориҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, манфиатҳои оила, занону кӯдакон, пиронсолон ва маъюбон, инчунин, масъалаҳои роҳандозӣ намудани табодули таҷриба ва омузиши амалияи судӣ, байни низомҳои судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мавриди муколама қарор гирифт.
Қайд гардид, ки рушди робитаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯби ҷаласаҳои муштараки Кумитаи дӯстии байнипарлумонӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, инчунин, фарҳангиву маърифатӣ ва мулоқоту музокирот, тамосҳои пайваста ва сафарҳои дуҷонибаи сатҳи баланди сиёсӣ, ҳамзамон дар самтҳои гунонун баимзорасонии Ёддоштҳои тафоҳум ва санадҳои ҳамкорӣ, боиси таҳсин ва қаноатмандӣ мебошанд.
Итминони комил изҳор карда шуд, ки мулоқоти имрӯза барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобил бо Комиссияи ҳуқуқи инсон, Вазорати адлия ва ҳокимияти судии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ заминаи мусоидро ба миён меорад.
Тарафҳо, ҷиҳати рушду тақвияти ҳамкорҳои ҳуқуқӣ ва ба табодули таҷрибаҳои беҳтарин дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар шароити рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.
Бо мақсади дастрасӣ ба адолати судӣ дар шакли электронӣ, инчунин, ба роҳ мондани табодули таҷриба ва омузиши амалия байни низомҳои судии ду кишвар, ҷонибҳо барои баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ байни Судҳои Олии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таклифу пешниҳодҳои дахлдор изҳор намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аъзои Коммиссияи ҳуқуқи инсон бо толорҳои маҷлиси судӣ ва Пленуми Суди Олӣ шинос шуда, ба сифат ва услуби бинои нави Суди Олӣ баҳои баланд изҳор намуданд.











.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
