«Механизми муҳими ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти
қонун мақомоти ҳокимияти судӣ мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ 9-уми сентябри соли 1991 роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеша гирифта, ба дастовардҳои олии ормонҳои чандинасраи миллӣ ноил гардид. Ҷомеаи Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар оғози Истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсияи хеш диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, як давлати иқтидори ҳуқуқӣ бунёд карда, шаҳрвандонаш дар фазои ҳуқуқи миллӣ озодона фаъолият намуда, зиндагӣ менамоянд.
Тибқи моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардида, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии ӯ дахлнопазир эълон карда шуданд. Дар ин меъёр истилоҳи ҳаёт, зиндагӣ ва умри инсонро дар назар дорад, ки аз муҳимтарин ҳаққи инсон ба шумор рафта, бидуни он дигар ҳуқуқҳо вуҷуд дошта наметавонанд. Аз ин хотир «ҳуқуқ ба ҳаёт» ҳаққи инсон ба зиндагӣ, зуҳуроти вуҷуди хеш фаҳмида мешавад ва касе ӯро аз ин неъмат маҳрум карда наметавонад.
Аз нуқтаи назари илми ҳуқуқи ҷиноятӣ маҳрум сохтан аз ҳаёт бо роҳҳои қонунӣ, ғайриқонунӣ ва ё тасодуфӣ сурат мегирад. Масалан, бо роҳи қонунӣ маҳрум кардан аз ҳаёт дар моддаи 59 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, аммо хушбахтона бо дастгириҳои инсондустонаи Пешвои миллатӣ тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 15 июли соли 2004, таҳти №45 ба муҳлати номуайян боздошт шудааст.
Тибқи талаботи моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд яке аз асосҳои муайянкунандаи мавқеи шахс дар низоми ҳуқуқӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки ин падидаи ҳуқуқиро санадҳои байналмилалӣ оид ба баробарии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар назди қонун ва суд пешбинӣ карда, Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст. Масалан, дар асоси моддаҳои 2 ва 14-и Паймони байнамилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 14 декабри соли 1966 баробарии ҳама дар назди қонун ва суд муқаррар карда шудааст.
Бояд қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рузҳои аввали интихоб гардиданашон ҳамчун роҳбари давлат, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолатҳои ҳифзи судии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, як қатор фармонҳоро ҷиҳати баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ дар таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳуқуқу манфиятҳои шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва давлат қабул намудаст. Аз ҷумла, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 апрели соли 1997.
Ҳамчунон дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2009 ва 2014 ба ин ниҳоди давлатӣ диққати некбинона намуда, махсус ишора менамояд, ки «Механизми муҳими ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун мақомоти ҳокимияти судӣ мебошад…».
Чунин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти судиро дар кишвар ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ баҳогузорӣ намуда, риоя ва иҷрои бечунучарои меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаро судяҳо вазифаи касбии хеш қабул намуда, ба манфиати ҷомеа таъмин менамоянд.
Тавре аз мазмуни моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҳуқуқу озодиҳои инсон на танҳо бо қонунҳои миллӣ кафолат дода мешаванд, балки ба воситаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳифз карда мешаванд.
Чи тавре, ки дар Оиномаи Созмони Милали Муттаҳид аз 24 октябри соли 1945 эълон карда шудаст, яке аз мақсадҳои СММ дастгирӣ ва рушди эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама мебошад.
Дар моддаи 1-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 ифодаи машҳури ғояи ҳуқуқҳои асосии инсон дар чунин мазмун оварда шудаст «Ҳамаи одамон озод таваллуд мешаванд ва дар шаъну шараф ва ҳуқуқҳои худ баробаранд».
Таъмини ин ниҳоди ҳуқуқӣ баёнгари он аст, ки ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, онҳо аз ҷониби ҳокимияти судӣ ҳифз гардида, ҳуқуқҳои вайронгардида барқарор карда мешаванд. Чунин амал аз ҷониби суд бо роҳи баррасӣ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ, маданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва конститутсионӣ амалӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон тартиби бевосита амалӣ гардонидани ин талаботи Конститутсия дар Кодексҳои мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи маданӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи суди иқтисодӣ ва дигар қонунҳои амалкунандаи кишвар мустаҳкам гардидааст.
Дар асоси талаботи моддаи 7 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ дар асоси баробарии ҳама дар назди қонун ва суд қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк татбиқ карда мешавад. Илова ба ин, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани ин ҳуқуқҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар кардааст. Мисол, тибқи талаботи моддаи 143 Кодекси ҷиноятӣ – барои қасдан бевосита ё бавосита вайрон намудан ё маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳо ё ин ки бевосита муқаррар намудани бартарии шаҳрвандон вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимоӣ, мавқеи шахсӣ, амволӣ ё мансабӣ, маҳалли истиқомат, муносибат бо дин, ақида ва ғайраҳо, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонидааст, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.
Аз ин рӯ, анъанаи истифодабарии ибораи «ҳимояи судӣ» бо он асоснок карда мешавад, ки асли муроҷиати шаҳрвандон ба суд ин талаб кардани ҳимояи ҳуқуқҳои судии онҳо ба ҳисоб меравад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳимоя аз ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ба роҳ монда шуда бошад ҳам, «ҳимояи судӣ» бо куллӣ дар як вақт вобаста ба фарқият аз онҳо дида мешавад. Яъне, мувофиқи моддаи 19-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас ҳимояи ҳифзи судӣ дода мешавад. Аз ин ҷо чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳар шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ дорад ва ин ҳуқуқи ҷудонашвандаи шахсии ҳар инсон мебошад.
Ҳимояи судӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ дар шаклҳои гуногун ба амал бароварда мешавад, аз он ҷумла дар шакли муҳокимаи одилонаи судӣ.
Ҳамин тариқ, мазмун ва моҳияти ҳуқуқи инсон дар он ифода мегардад, ки риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, шаъну шараф ва эътибори инсонро ҳамчун вазифаи асосии ҳокимияти давлатӣ муайян менамояд. Ин вазифа бояд пеш аз ҳама дар фаъолияти ҳокимияти судии кишвар инъикос ёбад.
Ғайр аз ин, яке аз вазифаҳое, ки давлати ҳуқуқбунёд ба адолати судӣ вогузор намудааст, ин иҷозат надодан ба ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати баромадан аз доираи фазои ҳуқуқии кишвар мебошад. Ин ду мазмун на танҳо барои ҳокимияти судӣ зарур дониста мешавад, балки барои тамоми сохторҳои давлатӣ зарур буда, баҳри рушду инкишофи давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар фарҷоми сухан, гуфтанием, ки рӯзи кормандони ҳокимияти судӣ, ки ҳамасола 26 октябр дар саросари кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, хусусан ба кормандони ҳокимияти судии кишвар табрик гуфта, тамано менамоем, ки дар кишвари маҳбубамон адолати судӣ побарҷо бошад.
Абдуллозода Ёқуб Маҳмадисуф
Сармутахассиси Раёсати кадрҳо
ва корҳои махсуси Суди Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Назарзод Ҳусейн Ҷума
Сармутахассиси Раёсати кадрҳо
ва корҳои махсуси Суди Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
