Бозгашт ба таърих, мо шоҳиди он мешавем, ки Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар роҳи такмили низоми судӣ марҳила ба марҳила ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар самти такмили қонунгузорӣ, таъмини иҷрои қарорҳои судӣ, таҳкими нақши ҳокимияти судӣ, беҳтарсозии сохтори судҳо ва ҷорӣ намудани мурофиаи судии электронӣ корҳо бо маром амалӣ карда шуда истодааст. Ҳамзамон, барои соддагардонии дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва таъминоти моддию техникии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо талошҳои зиёд ба харҷ дода шуданд.
Аз нахустин рӯзҳои истиқлолият, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар роҳи бунёди давлатдории навинро пеш гирифт. Ҳадафҳои асосӣ таъмини амнияту оромӣ, сулҳу суботи иҷтимоию сиёсӣ ва ваҳдати мардум амалӣ гардиданд.
Дар низоми нави давлатдорӣ принсипи таҷзияи ҳокимият ба се шоха – қонунгузор, иҷроия ва судӣ бо муайянсозии дақиқи салоҳиятҳои ҳар кадоме аз онҳо, ҷорӣ карда шуд. Ин нахустин ислоҳоти конститутсионӣ буд, ки ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ, ки танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунад, эътироф намуд. Масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳаки асосӣ ва мавқеи хоссаро касб карданд. Дар ин давра санадҳи меъёрии ҳуқуқии муҳим, ки фаъолияти судиро танзим мекунад, аз ҷумла қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26.07.2014 №1084, қабул гардидааст.
Барои таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани нақши он дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2009, 2011-2013, 2015-2017 ва 2019-2021 қабул ва амалӣ карда шуданд. Ин барномаҳо ба ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ, таъмини манфиатҳои давлат, волоияти қонун ва адолат нигаронида шудаанд. Маҳз бо талошҳои Сарвари давлат мақомоти судӣ аз тобеияти дигар шохаҳои ҳокимият бароварда шуда, барои таъмини истиқлолияти воқеии онҳо қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Дар ҷомеаи мутамаддин суд дар сохтори ҳуқуқӣ мақоми марказиро ишғол менамояд. Баланд бардоштани нақши он самараи бевоситаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вазифаи асосии суд ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати иҷтимоӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Ин принсип асоси фаъолияти низоми судии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар рафти мурофиаи судӣ, суд ҳамчун кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд баромад мекунад.
Истиқлолияти суд имтиёз не, балки шарти зарурии баррасии одилона ва беғаразонаи баҳсҳо мебошад. Аз ин рӯ, ба фаъолияти судя набояд ягон таъсири беруна ё дохилӣ вуҷуд дошта бошад. Имрӯз барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти судӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Соли ҷорӣ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар бинои нав оғоз намуд.
Қисми зиёди кормандонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо идомадиҳандагони фаъолияти судӣ, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти низоми судӣ мебошанд. Роҳбарияти Суди Олӣ ташаббус ва пешниҳодҳои ҷавононро дастгирӣ намуда, барои кору фаъолияти онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ба тарбияи кадрҳои ҷавон, ташаккули тафаккури эҷодкору созанда ва баланд бардоштани сатҳи донишу малака ва ҷаҳонбинии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Кормандон дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо бо дилу нияти нек тамоми саъю кӯшиши худро барои баланд бардоштани савияи илму дониш ва тафаккури худ равона кардаанд.
Ҳамасола 26 октябр тамоми кормандони судҳои ҷумҳурӣ иди касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти судиро ҷашн мегиранд. Таҷлили он далели равшани таваҷҷуҳ ва ғамхории давлат ба рушду таҳкими ҳокимияти судӣ мебошад. Ҳадафи мо – кормандони мақомоти судӣ баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, риояи тартибу интизом, такмили ихтисос ва таъмини волоияти қонун аст.
Ёрдамчии судяи Суди Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Расулзода Маҳина Расул
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
