НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАШАККУЛ, РУШДУ ТАКОМУЛ ВА ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Сарнавишти ҳар миллати соҳибтамаддун ба азму иродаи матин, қалби бузургу пурмеҳр, ҳиммату ҷавонмардӣ, ҳисси ватандӯстиву ваҳдатгароӣ, мардумсолорию фарҳангпарварӣ, роҳандозии барномаҳои созанда ва нигоҳи неки фарзонафарзандонаш ба фардои дурахшон пайвастагии ногусастанӣ дорад.

Маҳз таҷаллии ҳамин хусусиятҳои ҷавонмардонаи фарзанди фарзонаи миллат, абармарди давру замон, родмарди арсаи сиёсат, меросбари фарҳанги пурифтихору деринбунёди давлатдории ориёӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ эмин монд ва мардуми қавииродааш аз нав дар ҷабҳаҳои созандагӣ ба кору пайкор пардохтанд.

Бидуни шакку шубҳа, гуфтан ба маврид аст, ки тамоми пешрафт ва дастовардҳои кишварамон маҳз ба Истиқлоли давлатӣ ва баргузории Иҷлосияи ХV1-уми Шӯрои Олӣ, бахусус интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат алоқамандии ногусастанӣ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро доир ба сохти давлатдории Тоҷикистон аввалин бор дар Иҷлосияи ХV1-уми Шӯрои Олӣ баён дошта, изҳор карда буданд, ки «ман ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастам. Ин мақсаду мароми аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Ин роҳи ягонаи мост ва мо ҳеҷ вақт аз ин роҳ барнамегардем». Таърих исбот намуд, ки Пешво ва роҳнамои миллат ба ин принсипҳои бунёдӣ ҳамеша содиқ монданд.

Шароити соҳибистиқлолӣ талаб менамуд, ки дар кишвар ҳарчи зудтар ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида, Конститутсияи давлати соҳибихтиёр қабул гардад ва дар он мақсаду мароми ҷомеа, давлат ва сохти давлатдорӣ, инчунин масъалаҳои дигари калидии ҷомеа – соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягонагии давлат, унсурҳои дигари асосии сохтори конститутсионӣ, аз ҷумла соҳибихтиёрии халқ, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ муайян карда шаванд.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки 6 ноябри соли 1994 дар ҳаёти сиёсии кишвар рӯйдоди бузурги таърихӣ ба вуқӯъ пайваста, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, якдилона бо умеди ояндаи неку дурахшон бори нахуст Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардида, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба раванди ислоҳоти судию ҳуқуқӣ такони тоза бахшид.

Дар раванди қабули Конститутсия, ки сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон раиси Комиссияи конститутсионӣ интихоб шуда буданд, тамоми васоити илмӣ, мулоҳизаи мантиқӣ ва афкори сиёсӣ истифода шуда, аз ду лоиҳаи аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ пешниҳодшуда, ки яке аз онҳо шакли идораи Тоҷикистонро парламентӣ ва дигаре президентӣ муайян мекард, пас аз муҳокимаҳои тӯлонӣ бо пешниҳоди раиси комиссияи конститутсионӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, лоиҳаи Конститутсия, ки шакли идораи президентиро муқаррар мекард, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид.

Лоиҳаи Конститутсия пеш аз қабул гардидан тавассути воситаҳои ахбори омма муҳокима гардида, ҳама паҳлӯҳои масъалаи давлатдорӣ бо назардошти талаботи замон, афкори ҷомеа ва принсипҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар асоси талаботи Конститутсия, соли 1995 ҷиҳати рушду такомули мақомоти судӣ қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Дар бораи судҳои ҳарбӣ” , “Дар бораи сохтори судӣ”, кодексҳои гражданӣ, оила, меҳнат, ҷиноятӣ, мурофиавии гражда­нӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ғайра қабул гардиданд.

Боиси зикри хос аст, ки дар роҳи таҳкими ҳокимияти судӣ ва татбиқи амалии адолати иҷтимоӣ нақши Конститутсия ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим арзёбӣ мегардад. Маҳз Сарвари давлат рушди фаъолияти ҳокимияти судиро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат қарор дода, дар заминаи он то ба имрӯз барои ташаккули низоми судии кишвар ва баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, корҳои назаррас ва муҳим ба анҷом расонида шуданд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1997, №692 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рушди низоми судии кишвар навгонии зиёде ворид намуда, тибқи ин фармон ҳаллу фасли як қатор масъалаҳо, аз қабили таъсиси вазифаҳои приставҳои судӣ, ёрдамчиёни раисони судҳо, шумораи зарурии котибони маҷлиси судӣ, ҷудо кардани маблағҳо бобати таъминоти моддии судҳо, вазъи иҷтимоии судяҳо ва аъзои оилаи онҳо, таъмиру тармим ва таҷҳизонидани биноҳои судҳо, таъмин кардани онҳо бо воситаи нақлиёт ва техникаи ёрирасон пешбинӣ гардида, онҳо марҳила ба марҳила ҳалли худро дарёфтанд.

Идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ тақозо менамуд, ки қонунҳои конститутсионии алоҳидаи дар соли 1995 қабулгардида, бо назардошти дигаргуниҳои ҷиддии сиёсию ҳуқуқӣ дар доираи як қонуни конститутсионӣ гирд оварда шаванд. Бо ҳамин мақсад 6 августи соли 2001 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, дар он тарзи ташкил ва фаъолияти судҳои кишвар, вазифа, салоҳият, талабот ба судяҳо, тартиби интихобу таъин шудан, вазъи иҷтимоӣ ва моддии судяҳо, масъулияту ҷавобгарӣ, ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ ва дигар масъалаҳои марбута пешбинӣ шуданд.

Дар натиҷаи таҳкими ваҳдату субот ва ризоияти миллӣ, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи кишвар се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардида, тавассути он низоми судию ҳуқуқӣ такмил дода шуданд.

Дар заминаи ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999 ва 2003 фаъолияти ҳокимияти судӣ такмил ёфта, муҳлати ваколати судяҳо аз панҷ то ба даҳ сол муқаррар гардид.

Дар ҳамин радиф ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардида, аз ҷиҳати тарзи ташкилию сифатӣ ва миқдорӣ ниҳодҳои баамалбарории адолати судӣ инкишоф ёфт ва бори аввал дар низоми судии мамлакат - Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ арзи вуҷуд намуда, инчунин синни ниҳоии ба вазифаи судягӣ интихоб ё таъин гардидан аз 60 ба 65 сола тағйир дода шуд.

Бо мақсади аз салоҳияти ҳокимияти иҷроия, яъне аз тобеъияти Вазорати адлия баровардани масъалаҳои ташкилии ҳокимияти судӣ, дар асоси ислоҳоти конститутсионии соли 1999, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999, №48 Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳалли масоили мазкур ба уҳдаи ин сохтори навтаъсиси коллегиалӣ вогузор гардид.

Ҳамзамон барои мунтазам такмил додани ихтисос ва баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, коромӯз-судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, соли 2003 дар назди Шӯрои адлия Маркази таълимии судяҳо ташкил карда шуд.

Боиси зикр аст, ки бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти ҳокимияти судӣ, дар асоси ислоҳоти конститутсионии 22 майи соли 2016 баргузоршуда, дар қатори дигар тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, ҳаллу фасли масъалаҳои хеле муҳим дар самти таъмини ташкили фаъолияти судҳо, таъмини моддию техникии онҳо, тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо, инчунин пешбарии номзадҳо ба вазифаи судягӣ ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор карда шуд.

Аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бобати таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши он дар иҷрои вазифаҳои конститутсионии худ, такмили сохтори судӣ, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2006 ва бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, аввалин Барномаи исло­ҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010 таҳия ва бо Фармони Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271 тасдиқ гардид.

Ҷиҳати иҷрои Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкур як қатор қонунҳо, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра қабул карда шуданд.   

Аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси воҳидҳои кории иловагӣ дар Суди Олӣ, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе ташкил гардидани коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, таҳкими сохтор ва пешрафти фаъолияти ҳокимияти судӣ гувоҳӣ дода, ба сифатнок баррасӣ намудани парвандаҳо ва қабули қарорҳои қонуниву асоснок мусоидат карда истодаанд.

Ҳамчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011, №976 Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 тасдиқ гардид.

Дар иртибот ба барномаи мазкур қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Бо мақсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи дониши касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, №327 Барномаи сеюми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 тасдиқ гардид.

Ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ зиёда аз 100 тағйиру иловаҳо ворид карда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои мутобиқ ба санадҳои байналмилалӣ қабул карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, №1242 Барномаи чоруми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид, ки ин иқдом аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 сарчашма мегирад.

Барномаи номбурда идомаи барномаҳои болозикр буда, ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, рушду такомули қонунгузории амалкунанда, беҳдошти таъминоти моддию техникии судҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо равона шудааст.

Дар доираи ин Барнома соли 2021 бори аввал Қонуни нав «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» қабул гардид. Мақсади қабули ин қонун таъмини принсипи ошкоро будани муҳокимаи судӣ, дастрасии ҷомеа ба фаъолияти судҳо буда, кафолати муҳими муҳокимаи одилонаи судӣ ва воситаи таҳкими боварии ҷомеа нисбат ба ҳокимияти судӣ мебошад.

Айни замон, судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои фархундаи дар пешистода 31-солагии қабули Конститутсия ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, баҳри рушду суботи кишвар, сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат ва ободию шукуфоии Ватани азизамон самаранок меҳнат намуда, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониашон дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ аз 5 декабри соли 2024 бармеоянд, бо сарбаландӣ ва масъулияти баланд иҷро менамоянд.

Дар интиҳо ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳоро ба муносибати 31 солагии қабули Конститутсия табрик намуда, саломатию сарбаландӣ ва баҳри иҷрои вазифаҳои давлатӣ ҷиҳати амалисозии адолати судӣ комёбиҳо орзумандам.

                                                                                                                                  

Додозода Абдуманон Махсуд, 
Сардори Раёсати ташкили кори 
судҳои Суди Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
Мушовири давлатии дараҷаи 2-юм, 
Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 


Бозгашт ба рӯйхат