26-ОКТЯБР РӮЗИ КОРМАНДОНИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Аз он рӯзе, ки Тоҷикистон истиқлолият ба даст овард ва мустақил гашт сохтори давлатдорию идораи умури он ба пуррагӣ тағйир ёфт. Таҷзияи ҳокимият ба се шоха, қонунгузор, иҷроия ва судӣ яке аз нишонаҳои асосии давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошад, ки таҷассумгари пешравии давлатдории салтанати мустақили муосири Тоҷикистон аст.

Суд низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ шохаи мустақили ҳокимият эътироф карда шудааст, ки он аз ҷониби судяҳо ва аз номи давлат амалӣ гардида, адолати судиро аз рӯи парвандаҳо ва баҳсҳо вобаста ба мутобиқати санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Ҳамагуна дахолат ба фаъолияти судҳо тибқи муқаррароти қонун манъ аст.

Таърихи ташаккули системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки тӯли зиёда аз 100 соли сипари шуда  бо дигар шудани сохти давлатдорӣ аввал дар шароити ҷомеаи сотсиалистӣ ва баъдан дар давлати соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд ҳокимияти судӣ давраҳои ниҳоят ҳассосиятро аз сар гузаронидааст. Хусусан баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, ки барои миллат як давраи душвори сиёсӣ буд барои ҳокимияти судӣ, ки охирон зинаи баамалбароварандаи адолат бо ҳама масъалаҳо буд аз тамоми замони фаъолияташ фарқкунанда буд. Он ҳам бошад таъсири нооромии давлат бар асари мухолифатҳои бародарӣ, ки судҳои ҷумҳури онро бо сарбаландӣ гузаштанд.  

Дар яке аз суханрониҳояшон Сарвари маҳбуби давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки: “Пойдории мулк ва бақои давлат ба адлу дод ва риояи қонуният устувор аст ва додгустарон чун ҳомиёни адолат дар симои қонун ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро пуштибонӣ мекунанд.”  Рисолати вазифаи судягӣ рисолати бениҳоят бузург аст, ки барои ҳар як хулосааш дар назди давлату халқу виҷдонаш ҷавобгӯ мебошанд. Барои ҳамин асолате, ки ба шахсияти судя дода шудааст лоиқи эҳтирому боварӣ ва барандаи номи “Муҳтарам судя” аст. Барои ҳамин бояд ҳар як судя дар баробари вазифашиносиаш хештаншинос бошад, ки мизони адолатро аз рӯи қонун ва эътимоди ботиниаш баҳогузорӣ карда тавонад.

Паҳлӯҳои мизони адолат, ки бо чашмони баста танҳо аз рӯи қонуну виҷдон баҳо дода мешаванд, умри судяро дар пеши қарори қабул мекардааш пойбанд мекунад. Барои ҳамин судро зинаи охири муҳокимаҳо мегӯянд, ки баъди он дигар ягон мақоми муҳокимакунандаю ҳалкунанда вуҷуд надорад. Аз ин рӯ бояд ҳар як судя ҳамеша дар ёд дошта бошад, ки чи гуна мақом дорад ва асолаташ дар чист. Ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунад, ки лоиқи номи “Муҳтарам судя” будан  чи насибе ҳасту чи гуна бояд гиромӣ донист.  

Солҳои охир сарбории фаълияти судҳои тамоми ҷумҳурӣ бинобар васеъ шудани доираи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳо зиёд шуда истодааст, ки ин ҳолат аз ҳар як судя ва корманди дастгоҳи суд масъулияти бештарро талаб мекунад.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор маротиба Барномаи ислоҳоти судӣ қабул ва амалӣ гардонида шудааст, ки аз ташаккули босуръати ин шохаи ҳокимият дар раванди таъмини адолати судӣ дар қаламравӣ кишвар шаҳодат медиҳад.

Салоҳияте, ки давлат ба ҳокимияти судӣ додаасту он бо воситаи судяҳо амалӣ гардонида мешавад як иродаи масъулиятшиносу аз ҳамаи ҷабҳаҳои илму ахлоқ хабардории судяро талаб мекунад. Чунки баҳо додан ба ҳолатҳои кор, далелу ҳуҷҷатҳо ва гӯш кардани эътимоди ботинӣ барои судя кори саҳл набуда, як соата андешаю муҳокимаю фикрронӣ заҳмати зиёдеро талаб мекунад, ки мумкин ин як соат баробари заҳмати солҳо ба харҷ додашуда баробар бошад.

Васеъ шудани доираи муносибатҳо дар ҳамаи ҷодаҳо дар ҷамъияту давлат баҳсҳои навро ба миён оварда истодаанд. Суд зинаи охирин дар ҳалли ҳама гуна баҳсҳо буда дигар мақоми баррасӣ мекарда вуҷуд надорад. Барои ҳамин меҳнати зиёдеро талаб мекунад, чунки охирон нуқта аз ҷониби суд гузошта мешавад. Барои ҳамин мегӯянд, ки судҳо ҳуқуқи хато карданро надоранд. Чунки як хатогии суд метавонад ҳаёту зиндагонии нафарони дигарро тағйир диҳад. Ин гуфтаҳо бори дигар касро водор мекунанд, ки ҳангоми адои вазифа дар ин ҷода мунтазам аз болои худ корбарӣ карда ҳамеша аз паи адолат бошад. Адолат кардан кори басо душвор аст, хусусан дар замоне, ки на ҳарчи бар чашм аён аст дар он аслаш намоён аст. Барои ба ду тарафи масъала одилона баҳо додан бояд аввал аз ғайб талаби ҳиммату ақли рушан кард ва баъдан кӯшиш кард, то ҳиммати баста самара оварад.

Бо истифода аз фурсати муносиб шахсан аз номи худам ва аз номи тамоми кормандони суди шаҳри Исфара ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми кормандони ҳокимияти судиро  бо ин Рӯзи касбиашон 26-уми октябр рӯзи кормандони ҳокимияти судӣ табрику муборакбод гуфта, ба ҳар яки Шумо барои ба амал баровардани адолати судӣ пеш аз ҳама саломатии бардавом, рӯзгори бобаракат, зиндагонии хушбахтона, пешравиҳои кор ва сарбаландиҳоро таманно мекунам.

Дар адои вазифаҳои пурмасъулити хеш ҳамеша комрон бошед! 

Бо эҳтироми ниҳоят афзун,

Изображение WhatsApp 2025-10-23 в 15.28.08_ff41e903.jpg

 судяи суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд                           

Фарҳодзода Нигина

 

 


Бозгашт ба рӯйхат