Имрӯз, 24 октябри соли 2025 дар толори театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси Суди Олӣ Лутфуллозода Шавкат, муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода ва намояндагони ҳокимияти судии вилояти Хатлон, инчунин, собиқадорон ва меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини раиси вилояти Хатлон ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти судӣ нишонаи эҳтиром ба ҷойгоҳи суд ва онҳое мебошад, ки бо масъулияти баланд барои таъмини адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва риояи қонунмандӣ фаъолият менамоянд.
Дар фарҷоми ҳамоиш як гурӯҳ аз кормандони намунавӣ бо сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Суди вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд. Барномаи консертии ҳунармандон ба тантана рӯҳияи идона бахшида, таҷлили рӯзи касбиро хотирмон гардонд.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
