Имрӯз 24 октябри соли 2025, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо иштироки Муовини Раиси ВМКБ, Раиси шаҳри Хоруғ, роҳбарони ниҳодҳои вилоят, собиқадорон ва Судяҳои Судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи кормандони мақомоти судӣ” баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷамъомад суханрониҳои табрикотии Раиси Суди ВМКБ, Муовини Раиси ВМКБ, судяҳо ва меҳмонон оид ба нақш ва масъулияти мақомоти судӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёд ироа гардид.
Аз номи Муовини Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худоберди ба собиқадорони мақомоти судӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Ҳамчунин, судяҳо бо сипосномаҳо ва аз ҷониби Раиси Суди ВМКБ Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа як қатор судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки низоми судӣ яке аз дастовардҳои муҳимтарини фарҳанг ва тамаддуни инсонӣ ба ҳисоб рафта, дар давлатҳои демократӣ аҳамияти барҷаста дорад. Зеро тақсимоти ҳокимият ба се поя – қонунгузор, иҷроия ва судӣ – танҳо дар ҳолате самараи ҷомеаи ҳуқуқбунёдро таъмин менамояд, ки суд ҷойгоҳи мустақил, устувор ва боэътимодро дар ҳаёти иҷтимоиву ҳуқуқии кишвар соҳиб бошад.








.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
