Ҳокимияти судӣ риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро кафолат дода, фаъолияти он ба таъмин намудани қонуният ва адолати иҷтимоӣ равона шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки ҳокимияти судӣ ва рушди он самараи истиқлоли давлатӣ ва яке аз дастовардҳои он ба ҳисоб меравад.
Эмомалӣ Раҳмон
Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ислоҳоти мақомоти судӣ заминаи амиқ гузошт, зеро нақш ва мавқеи ин ниҳод дар рушди волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳм гузошт.
Пайдоиш ва ташаккули асосҳои таъмини адолати иҷтимоӣ бо ташаккули афкор, ҷаҳонбинӣ ва ақидаҳои пешқадами иҷтимоӣ вобастагии устувор пайдо намудааст, ки дар зинаҳои муайяни таърихӣ ба вуҷуд омада, такмил дода шуда, инкишоф ёфта ва расман эътироф гаштаанд.
Ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ ба афкору ақида, пайдоиши таҷрибаи муайян дар низоми давлатдорӣ, танзими соҳаҳои идоракунии давлат, иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ мусоидат карда, боиси пайдоиш ва тасдиқи маҷмӯи донишҳо ва меъёри рафтор мегардад, ки бо роҳи боварӣ, эътиқод ба ин дониш-меъёрҳо самти мақсадноки амал кардан ва рушд муайян карда шудаанд.
Низоми судӣ яке аз рукнҳои муҳим ва асосии ҳар як ҷомеаи пешрафта ба шумор меравад. Аз замонҳои қадим то имрӯз, инсонҳо ҳамеша кӯшидаанд фаҳманд, ки чӣ гуна метавон адолати воқеиро дар ҷомеа таъмин кард ва чӣ гуна бояд суде сохт, ки мустақил ва беғараз амал кунад.
Ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуданд.
Нақши мақомоти судӣ дар ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар замони соҳибистиқлолӣ хеле муҳим арзёбӣ мешавад, зеро ин ниҳод на танҳо адолатро татбиқ мекунанд, балки ба баланд бардоштани сатҳи фаҳмиши ҳуқуқии ҷомеа мусоидат менамояд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба таҳким бахшидани фаъолияти мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтаанд. Қабул ва амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, такмили қонунгузории моддӣ ва мурофиавӣ, афзоиши ҳарсолаи маблағгузории мақомоти судӣ, баланд бардоштани маоши судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо аз ҷумлаи иқдомоти зикршуда мебошанд.
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи хокимияти судӣ, содагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилот, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои лозима андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ карда шуд. Ҳадафи қабули ин барнома идомаи барномаҳои пешинаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мебошад. Яке аз ислоҳоте, ки дар ин барнома ба роҳ монда шуд, омузиши масъалаҳои ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб донистани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мебошад. Ҳадафи он боз ҳам тақвият додани кафолати конститутсионии ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ ва дастрасӣ ба адолати судӣ аст.
Ҳокимияти судӣ – на танҳо ниҳоди ҳалкунанда, балки субъекти фаъол дар низоми пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатӣ маҳсуб ёфта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар меҳвари фаъолияти ин ниҳод ҷой дорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки бо дарназардошти мақом ва нақши ҳокимияти судӣ, то имрӯз барои таъмин намудани мустақилияти судҳо иқдомоти назаррас амалӣ карда шудаанд.
Мақомоти судӣ чун ҳомии пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо тавассути чораҳои саривақтиро дар доираи талаботи амиқи қонун муайян намуда, барои қонуншиканон, дигаронро аз такрор намудани чунин амалҳо бозмедорад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чун рисолати аслии ин нишод маҳсуб ёфта дар доираи амалигадонии барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳо силсилавохӯриҳо ҷиҳати риояи талаботи қонун ва арзишҳои он доир карда мешаванд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳокимияти судӣ аз иҷрои вазифаи худ – ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат муваффақона баромада, фаъолияти худро ҷиҳати боз ҳам бештар сазовор шудан ба эътимоди мардуми кишвар густариш бахшида истодааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки адолати судӣ пояи боварии мардум ба давлат аст. Ва танҳо дар сурате ки судяҳо рисолати худро бо виҷдон ва масъулият иҷро намоянд, метавон интизор буд, ки ҷомеа дар фазои ҳуқуқӣ ва бо боварӣ ба адолат рушд мекунад.
Бо ҳамин ниятҳои нек “Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ” –ро ба кормандони мақомоти судии кишвар таҳният намуда, дар иҷрои рисолати бисёр пурифтихору пурмасъулашон барор мехоҳем.
Раҷабзода Ҳотам Назар,
муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон –
Раиси коллегияи ҳарбӣ
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
