КОНФРОНСИ СОЗМОНИ СУДЯҲОИ СУДҲОИ ҶУМҲУРӢ

Санаи 25 октябри соли 2025, дар маҷлисгоҳи Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки тамоми судяҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

20251025_141352.jpg

Барои интихоб намудани аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо Раиси иттиҳодияи ҷамъиятии "Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" муҳтарам Мирзозода Р.П. конференсияи судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намуданд, ки дар кори он бо мақсади интихоб ва пешбарии номзадҳои шоиста ба вазифаи судя, таҳкими кафолатҳои мустақилияти судяҳо, инчунин гузаронидани санҷиши тахассусӣ ва баррасии масъалаҳои ҷавобгарии интизомии судяҳо, аз ҳисоби судяҳои ҷумҳурӣ ба узвияти Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоёни нав бо овоздиҳии иштирокдорон интихоб гардиданд.

20251025_141430.jpg 20251025_145054.jpg

Дар маҷлиси Коллегияи тахассусии судяҳо бо роҳи овоздиҳии ошкоро аз ҷумлаи аъзои Коллегия, Саидзода Гулбону Исуф Раиси Коллегияи тахассусии судяҳои Тоҷикистон интихоб карда шуда, доир ба ин дар кори Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори қабулшуда эълон карда шуд.

20251025_144738.jpg 20251025_142147(0).jpg

Ғайр аз ин, вобаста ба хориҷ намудани собиқ судяҳо аз узвияти Созмон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Ҳамзамон, дар кори конфронс масъалаҳои муҳим вобаста ба рушд ва такмилдиҳии фаъолияти ҳокимияти судӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Конфронс бори дигар собит сохт, ки иттиҳоду ҳамраъйии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯест, ки роҳи таҳкими қонунмандӣ ва татбиқи ҳақиқии адолати судиро равшан ва устувор мегардонад.

20251025_144924(0).jpg


Бозгашт ба рӯйхат